Ҳимояи рисолаи номзадӣ муборак бошад!
14 январи соли 2026 дар шурои диссертатсионии муштараки 6D.КОА-042 назди Институти кимиёи ба номи В.И. Никитин АМИТ ва Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ҳимояи диссертатсияи Исозода Акрам Мухибулло дар мавзуи «Таҷзияи маъданҳои бор ва алюмосиликатии Тоҷикистон бо усули хлоронидан» таҳти роҳбарии академики АМИТ Улмас Мирсаидов барои дарёфти дараҷаи доктори илмҳои фалсафа (PhD) - доктор аз руи ихтисоси 6D060600 – химия (6D060601 - химияи ғайриорганикӣ) баргузор гардид.
