Бистсолаи омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ – заминаи рушди маорифи муосир
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2020-2040-ро «Бистсолаи омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ» эълон кард. Омӯзиши ин фанҳо – математика, физика, химия, биология, информатика – барои рушди технология, та-факкру навоварӣ ва таъмини кадрҳои баландихтисос аҳамият дорад. Ин фанҳо низ заминаи ҷомеаи донишбунёд, эҷодкор ва рақобатпа-зир мебошанд. Мақсади стратегии кишвар ба мувофиқати шароити ҷаҳони муосир – пешрафти иқтисод, саноат ва илм бо таваҷжӯҳи ҷиддӣ ба дониш ва техника мебошад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳои хеш доимо аз сатҳу сифати таълим, ҷалби наврасону ҷавонон ба омӯзишиу рушди фанҳои дақиқ ҳарф мезананд. Ба хотири боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин барои инкишофи тафаккури техникии насли наврас ҳангоми ироаи Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии кишвар 26 декабри соли 2019 солҳои 2020-2040-ро «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон намуданд.
Дар тӯли бист соли охир омӯзиши фанҳои дақиқ – аз қабили математика, физика, химия, биология ва информатика дар низоми маориф аҳамияти махсус касб намудааст. Ин фанҳо заминаи асосии рушди илм, технология ва пешрафти ҷомеаи муосир ба ҳисоб мераванд. Дар солҳои аввали истиқлолият ба такмили барномаҳои таълимӣ ва баланд бардоштани сифтаи омӯзиши фанҳои дақиқ диққати ҷиддӣ дода шуд. Мактабҳо бо китобҳои дарсӣ, озмоишгоҳҳо ва воситаҳои таълимии нав таъмин гардиданд. Омӯзгорон низ пайваста аз курсҳои такмили ихтисос гузашта, дониш ва маҳорати худро такмил додаанд. Бо рушди технологияҳои иттилоотӣ, фанҳои дақиқ боз ҳам дастрастар ва ҷолибтар шуданд. Истифолдаи компютер, тахтаҳои электронӣ ва барномаҳои таълимӣ ба хонандагон имкон дод, ки мавзӯъҳоро амиқтар дарк намоянд. Хусусан омӯзиши информатика ва технологияҳои рақамӣ дар тайёр намудани мутахассисони оянда нақши муҳим бозид.
Дар давоми бист соли охир омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ яъне математика, физика, химия, биология ва информатика дар рушди давлат ва пешрафти ҷомеа нақши хеле муҳим бозидааст. Ин фанҳо асоси та-факкури илмӣ, навоварӣ ва рушди технологияҳои муосир ба шумор мераванд. Барои давлат омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ пеш аз ҳама тайёр намудани мутахассисони баланд ихтисосро таъмин менамояд. Муҳандисон, табибон, барномасозон, иқтисоддонҳо ва дигар кадрҳои касбӣ маҳз дар асоси дониши фанҳои дақиқ ба воя мерасанд. Ин гуна мутахассисон барои рушди иқтисод, саноат, энергетика ва амнияти миллӣ аҳамияти калон доранд. Аз нигоҳи ҷомеа фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ ҷаҳонбинии илмии шаҳрвандонро ташакул медиҳанд. Онҳо ба ҷавонон малакаи таҳлил, тафаккури мантиқӣ ва ҳаллу фасли масъалаҳоро меомӯзонанд. Дар натиҷа ҷомеа соҳиби насли донишманд, эҷодкор ва масъулиятшинос мегардад, ки метавонад ба мушкилоти замон посухи дуруст диҳад. Шахсоне, ки фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ хуб меомӯзанд, метавонанд масъалаҳоро таҳлил кунанд, қарорҳои дуруст қабул намоянд ва ба навовариҳо омода бошанд, дар натиҷа ҷомеа дорои шаҳрвандони донишманд, масъулиятшинос ва рақобатпа-зир мегарданд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд, ки дар шароити ҷоҳони муосир, ки илму технология бо суръати баланд рушд мекунад, омӯзиши фанҳои дақиқ математика, физика, химия, биология, информатика ва технологияҳои иттилоотӣ аҳамияти аввалиндараҷа касб намудааст. Ояндаи рушди иқтисодӣ, саноатӣ ва илмии кишвар бевосита ба сатҳи дониши ҷавонон дар ин самт вобаста мебошад. Ҷумҳурии Тоҷикистон барои расидан ба ҳадафҳои стратегии худ, аз ҷумла саноаткунонии босуръат, ба мутахассисони баландихтисос дар соҳаи фанҳои дақиқ ниёз дорад. Ҷавонони кишвар бояд дарк намоянд, ки донистани фанҳои дақиқ калиди муваффақият дар асри ХХІ мебошад. Танҳо бо такя ба илм, дониш ва тафаккури техникӣ мо метавонем Тоҷикистонро ба кишвари пешрафта ва рақобатпазир табдил диҳем.
Хулоса, аҳамияти бистсолаи омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ барои давлат ва ҷомеа дар он зоҳир мегардад, ки он пояи рушди устувор, пешрафти илмӣ ва ташаккули ҷомеаи донишбунёд мебошад. Таваҷҷуҳи пайваста ба ин соҳа кафолати ояндаи дурахшони кишвар аст.
Директори филиали Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ дар ВМКБ Илолов Х. Қ.
Нозири калони филиали Агентииамнияти ХБРЯ-и АМИТ дар ВМКБ Ақдодов С. Э.