Семинари навбатии илмӣ
11 феврали соли 2026 дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ семинари илмӣ бо роҳбарии академики АМИТ Улмас Мирсаидов баргузор гардид.
Дар ҷамъомад масъалаҳои муҳими илмӣ-таҳқиқотӣ, роҳҳои ҳалли онҳо ва нақшаҳои корӣ барои соли ҷорӣ барои кормандон, магистрон ва докторантҳои Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ ва озмоишгоҳи «Коркарди ашёи хоми минералӣ»-и Институти химияи ба номи В.И. Никитин мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Дар рафти семинар ҳамаи иштирокчиён – аз кормандони илмӣ то магистрон ва докторантҳо – натиҷаҳои корҳои илмии ҳафтаи гузашта ва барномаҳои пешбинишуда барои соли 2026-ро дар шакли маъруза пешниҳод намуданд.
Баргузор намудани семинарҳои мазкур на танҳо сатҳи корҳои илмиро баланд мебардорад, балки дониш ва малакаҳои амалии ҳар як корманд ва ходимони илмиро низ сайқал медиҳад.
