Боздиди омӯзишии мактаббачагон аз Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати ХБРЯ
Санаи 13 феврали соли равон дар Маркази минтақавии бехтарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Агентии амнияти ХБРЯ-и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон боздиди омӯзишӣ барои мактабачагон ва омӯзгорон баргузор гардид.
Ҳадафи баргузории чорабинии мазкур аз ҷалби ҷавонон ва наврасон ба илмҳои дақиқ иборат буда, он ба сиёсати давлатӣ оид ба эълон намудани солҳои 2020 -2040 – “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф”, ки бо Фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - Эмомалӣ Раҳмон тасдиқ гардидааст, мувофиқ мебошад.


Чорабинии мазкур дар ҳамкорӣ бо Агентии амнияти ХБРЯ-и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Созмони амният ва ҳамкории Аврупо (САҲА) дар шаҳри Душанбе ташкил гардид.
Дар раванди чорабини ба иштирокчиён, таҷҳизотҳои озмоишӣ, лексияҳои интерактивӣ дар мавзӯъҳои радиатсия ва ҳимоя аз онҳо аз ҷониби мутахассисони соҳа ироа карда шуд.
Чорабинии мазкур фазои дӯстона ва саволу ҷавобҳо ба анҷом расид.
Баргузории чунин чорабиниҳо ҳисси масъулияти ҷавононро вобаста ба интихоби касби оянда, алахусус ба фанҳои дақиқ водор мекунад.

