АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН
АГЕНТИИ АМНИЯТИ ХИМИЯВӢ, БИОЛОГӢ,
РАДИАТСИОНӢ ВА ЯДРОӢ
МАҚОМИ ТАНЗИМГАРИ ДАВЛАТӢ
АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН
13.02.2025
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳои хеш ба хотири боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ ҳангоми ироаи Паём ба Маҷлиси Олии кишвар аз 26 декабри соли 2019, солҳои 2020-2040-ро «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон намуданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба эълони “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ” изҳор доштанд, ки он ниҳоят саривақтӣ мебошад. Ин як ташаббуси бузург ва тақдирсоз барои Тоҷикистон аст, ки ба рушди нерӯи инсонӣ, пешрафти иқтисодӣ ва таъмини рақобатпазирии кишвар дар арсаи ҷаҳонӣ равона шудааст. Дар ин давра, давлат, ҷомеа ва ҳар як фард вазифадор аст, ки барои таҳкими пояҳои илмии насли оянда, муҷаҳҳазгардонии муассисаҳои таълимӣ бо технологияҳои муосир ва ҳавасмандгардонии омӯзгорону донишҷӯён саъю кӯшиш ба харҷ диҳад.
Дар тӯли ин бист сол, дар назар аст, ки силсилаи ташабусҳо амалӣ карда шаванд, аз ҷумла, баланд бардоштани сатҳи дониши хонандагон ва донишҷӯён, такмили ихтисоси омӯзгорон, таъмини муассисаҳои таълимӣ бо таҷҳизоти муосир, дастгирии таҳқиқоти илмӣ ва эҷоди усулҳои инноватсионӣ равона гардиданд. Ҳамзамон, таваҷҷуҳи махсус ба рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ, ҷалби коршиносони хориҷӣ ва мубодилаи афкор бо кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон дода мешавад.
Ҳадафҳои асосии “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” инҳоянд: беҳтар намудани сифати таълим, таҳия ва ҷорӣ намудани барномаҳои таълимии замонавӣ, усулҳои пешқадами таълим ва баҳодиҳӣ, ки ба рушди тафаккури интиқодӣ, малакаҳои ҳалли масъала ва қобилияти мутобиқ шудан ба тағйиротҳо нигаронида шудаанд. Таҳкими заминаи моддӣ-техникии муассисаҳои таълимӣ: таъмини муассисаҳо бо таҷҳизоти озмоишӣ, технологияҳои иттилоотӣ, китобхонаҳои электронӣ ва дигар воситаҳои зарурӣ барои фароҳам овардани шароити мусоид барои таълим ва таҳқиқот. Дастгирии таҳқиқоти илмӣ ва инноватсия: ҷудо намудани маблағгузории кофӣ барои таҳқиқоти илмӣ дар соҳаҳои афзалиятнок, ҳавасмандгардонии олимон ва муҳаққиқон, эҷоди шароит барои тиҷоратикунонии дастовардҳои илмӣ. Рушди захираҳои инсонӣ: тарбияи кадрҳои баландихтисос, ки қодиранд дар соҳаҳои илмӣ ва технологӣ кор кунанд, такмили ихтисоси омӯзгорон ва ҷалби истеъдодҳо ба ин самтҳо ва ҳамкориҳои байналмилалӣ: ҷалби таҷрибаи кишварҳои пешрафта, иштироки фаъолона дар лоиҳаҳои байналмилалӣ, мубодилаи дониш ва технология мебошад.
Дар ин давра вазифаҳои муҳимтарин дар соҳаи илму маориф, аз қабили таҳия ва татбиқи барномаҳои таълимии муосир, ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсионӣ дар раванди таълим, таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ бо таҷҳизоти замонавӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳаз, баланд бардоштани сатҳи касбии омӯзгорон ва устодони фанҳои математика, физика, химия, биология ва дигар фанҳои дақиқ, гузаронидани озмунҳои мунтазам барои дарёфти донишҷӯён ва хонандагони болаёқат, ҳавасмандгардонии олимон ва муҳаққиқон тавассути грантҳо ва ҷоизаҳои давлатӣ, инчунин, таҳкими робитаҳо бо марказҳои илмии пешрафтаи ҷаҳонӣ, ба таври комил бояд амалӣ гардонида шаванд.
Дар баробари ин, иқдомҳои эълонгардидаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мисоли озмунҳои ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», хеле ба маврид ва саривақтӣ мебошанд. Барои омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» эълон карда шуд. Бештар ба омӯзиши илмҳои риёзиву дақиқ ва табиӣ ҷалб кардани наврасону ҷавонон, олимону муҳаққиқон ва устодону омӯзгорон ҳамасола озмуни ҷумҳуриявӣ зери унвони «Илм – фурӯғи маърифат» гузаронида мешавад.
Рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ барои пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, аз ҷумла иқтисодиёт, саноат, кишоварзӣ, тандурустӣ, экология ва ҳифзи муҳити зист заминаи устувор мегузорад. Инчунин, рушди ин фанҳо ба ташаккули тафаккури интиқодӣ, мантиқӣ ва эҷодии насли ҷавон мусоидат намуда, онҳоро барои қабули қарорҳои дуруст ва ҳалли мушкилоти мураккаб омода месозад.
Амалисозии ин ҳадафҳо ба эҷоди иқтидори илмӣ ва техникии устувор, баланд бардоштани рақобатпазирии иқтисодиёти Тоҷикистон, беҳтар намудани сифати зиндагии мардум ва таъмини рушди устувори кишвар мусоидат хоҳад кард. “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” як имконияти беназир барои табдил додани Тоҷикистон ба як маркази илмӣ ва инноватсионӣ дар минтақа мебошад.
Дар ин раванд, нақши калидии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илм, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, дигар муассисаҳои таълимии олӣ ва миёна ниҳоят муҳим аст. Бо саъю кӯшиши муштарак мо метавонем ба ҳадафҳои гузошташуда ноил гардем ва Тоҷикистони азизро ба як маркази илмӣ ва маърифатии минтақа табдил диҳем. Ин иқдом дар он аст, ки миллати мо, махсусан насли ҷавон, бояд аз насли нави донишмандони ҷаҳонӣ камӣ надошта бошанд. Он вақт мо метавонем баҳри ояндаи дурахшони кишвари худ саҳми муносиб гузорем. Итминони комил дорем, ки ин 20 сола барои таҳкими пояҳои илмии Тоҷикистон ва рушди тафаккури инноватсионӣ дар ҷомеа заминаи мусоид фароҳам меоварад.
Ҳаким Тиллозода - мудири сектори илмӣ-таҳқиқотии Филиали Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ дар в. Суғд