Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ
Мақоми танзимгари давлатӣ

Санҷиш

МАЪЛУМОТ ДАР БОРАИ ФАЪОЛИЯТИ САНҶИШӢ

Шуъбаи санҷиш ва чораҳои маҷбурсозии Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар доираи ваколатҳои худ назорати давлатии риояи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи бехатарии радиатсионӣ ва амнияти ядроӣ амалӣ менамояд.

Фаъолияти санҷишии шуъба дар асоси қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии радиатсионӣ», «Дар бораи истифодаи энергияи атомӣ», «Дар бораи муомилот бо партовҳои радиоактивӣ», «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият», инчунин қоидаҳои гузаронидани санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба роҳ монда шудааст.

Мақсади асосии санҷиш муайян намудани сатҳи риояи талаботи бехатарии радиатсионӣ ва амнияти ядроӣ аз ҷониби субъектҳои хоҷагидори давлатӣ ва хусусӣ мебошад.

Ҳангоми гузаронидани санҷиш ба масъалаҳои зерин диққати махсус дода мешавад:

риояи талабот ва шартҳои иҷозатнома ва дигар ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ;
мутобиқати фаъолияти муассиса ба талаботи бехатарии радиатсионӣ ва амнияти ядроӣ;
тартиби истифода, нигоҳдорӣ ва баҳисобгирии манбаъҳои афканишоти иононсоз;
таъмини ҳифзи радиатсионии кормандон, аҳолӣ ва муҳити зист;
мавҷудияти ҳуҷҷатҳои зарурӣ ва ташкили назорати дозиметрӣ;
иҷрои дастуру супоришҳо ва тавсияҳои қаблан пешниҳодшуда;
пешгирӣ ва сари вақт ошкор намудани қонунвайронкуниҳо.

Дар солҳои 2024–2025 аз ҷониби нозирони шуъба дар маҷмӯъ 85 санҷиши нақшавӣ гузаронида шуд. Аз ин шумора 15 санҷиш дар субъектҳои хоҷагидори хусусӣ ва 70 санҷиш дар муассисаҳои давлатӣ анҷом дода шуданд.

Натиҷаҳои санҷишҳо барои муайян намудани камбудиҳо, пешгирии хавфҳои радиатсионӣ, баланд бардоштани сатҳи масъулияти роҳбарон ва таъмини фаъолияти бехатару мутобиқ ба талаботи қонунгузории муассисаҳо истифода мешаванд.

Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ
Мақоми танзимгари давлатӣ


Comodo SSL