АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН
АГЕНТИИ АМНИЯТИ ХИМИЯВӢ, БИОЛОГӢ,
РАДИАТСИОНӢ ВА ЯДРОӢ
МАҚОМИ ТАНЗИМГАРИ ДАВЛАТӢ

АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

АГЕНТИИ АМНИЯТИ ХИМИЯВӢ, БИОЛОГӢ,

РАДИАТСИОНӢ ВА ЯДРОӢ

МАҚОМИ ТАНЗИМГАРИ ДАВЛАТӢ

СОЛИ 2025 – СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО

07.02.2025

3 марти соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти якуми Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об ва иқлим, ки дар сиғаи видеоконференсия баргузор гардид, иштирок ва  оид ба масъалаҳои об ва иқлим суханронӣ намуданд. 


Чорабинӣ таҳти раёсати Дабири кулли Созмони байналмилалии обуҳавошиносӣ Петери Таалас сурат гирифта, дар он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Маҷористон Янош Адер,  Президенти Хазинаи байналмилалии рушди кишоварзӣ (IFAD) Гилберт Ҳунгбо, сарони ҳукуматҳои як қатор кишварҳо, инчунин коршиносони байналмилалӣ ширкат варзиданд.


 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сабаби асосии тағйирёбии иқлимро дар обшавии босуръати пиряхҳо дар натиҷаи гармшавии глобалӣ маънидод карданд. Таъкид гардид, ки мутаассифона, имрӯзҳо мо босуръат об шудани яхро дар Арктика, Антарктида ва Гренландия мушоҳида менамоем. Ҳамчунин, тағйироти ҷиддӣ дар пиряхҳои воқеъ дар хушкӣ низ ба амал омада истодаанд.


Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба вазъи имрӯзаи пиряхҳои Тоҷикистон андешаронӣ карда, таъкид доштанд, ки вазъи ба ин монанд, дар пиряхҳои Помир низ ба вуҷуд омада истодааст. Обшавии бузургтарин пиряхи воқеъ дар хушкӣ - пиряхи Федченко дар Тоҷикистон, ки зиёда аз 75 километр дарозӣ дорад, намунаи возеҳи ин гуфтаҳо мебошад. 


Таҳқиқотҳо нишон медиҳанд, ки фақат дар тӯли 70-80 соли охир пиряхи Федченко зиёда аз як километр ақиб рафта, майдони он то 44 километри мураббаъ кам шудааст. Зиёда аз ин, ҳаҷми он 15 километри мукааб ихтисор гардида, суръати миёнаи ақибравии нӯги (забони) пирях дар як сол 16 метрро ташкил медиҳад.


Сарвари давлат пиряхҳоро захираи асосии оби соф арзёбӣ карда, изҳор доштанд, ки обшавии босуръати онҳо дар баробари зиёдшавии истеъмоли об, ки бо афзоиши аҳолӣ ва рушди иқтисодӣ вобастагӣ дорад, метавонад ба оқибатҳои бағоят манфӣ оварда расонад.


Роҳбари давлат таъкид доштанд, ки обшавии пиряхҳои Арктика ва Антарктида боиси баландшавии сатҳи уқёнуси ҷаҳонӣ гардидааст ва ин омил, дар навбати худ метавонад ба ҳаёт ва накӯаҳволии садҳо миллион сокинони Замин, хусусан дар кишварҳои хурди ҷазиранишин ва минтақаҳои наздисоҳилии онҳо, таҳдид ба бор орад.


Дар робита бо ин муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод карданд, ки соли 2025-ум Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон гардида, санаи Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо муайян карда шавад. Пешниҳоди дигари ҷониби Тоҷикистон таъсис додани Бунёди махсуси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо аст.


Соли 2025 аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид (СММ) ҳамчун "Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо" ва 21 – уми Март ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон гардид. Ин ташаббус бо мақсади ҷалби таваҷҷӯҳи глобалӣ ба масъалаҳои муҳими пиряхҳо ва таъсири тағирёбии иқлим ба онҳо амалӣ мегардад. Пиряхҳо дар ҳаёти инсонҳо ва экосистемаҳо нақши муҳим доранд, зеро онҳо манбаъи асосии об барои миллиардҳо одамон ва хоси экосистемаҳои гуногун ҳастанд.


Соли 2025 бо эълони Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо як имконияти беҳамто барои ҷаҳон аст, ки аҳамияти пиряхҳо ва таъсири тағирёбии иқлимро эътироф кунанд ва бо кӯшишҳои ҳамдигарӣ ба ҳифзи ин манбаъҳои муҳими табиат нигарад. Ҳифзи пиряхҳо фақат як масъулият нест, балки қадам муҳимест, ки барои ояндаи устувори об ва экосистемаи ҷаҳон бояд ба он аҳамияти ҷиддӣ дода шавад.


Ташаббуси навбатии сатҳи байналмиллалии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оиди ҳифзи пиряхҳо  аз он шаҳодат медиҳад, ки барои ҳалли муаммоҳои характери глобалӣ дошта, Ватани мо -Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамчун кишвари пешсаф ва пешбар дар миқёси байналмиллалӣ қарор дорад. Зеро ҳадафи иқдомҳои пешина ва ҳозираи сарвари давлатамон  ин ҳам хусусияти сатҳи баланди гуманистиро доро мебошанд ва онҳо натанҳо барои  ҳифзи манфиати кишвари мо ва ё минтақаи Осиёи Марказӣ, балки барои ҳалли муҳимтарин мушкилотҳи умумиҷаҳонӣ равона карда шудаанд.  


Бинобар ин, мо кормандони  соҳаи илмро зарур аст, ки барои роҳандозӣ намудани ташаббусҳои ҷаҳонии сарвари давлат  саҳмгузор бошем, то ин ки экосистемаҳои кишварамон ва ҷаҳон  барои наслҳои имруза ва фардо ҳамчун  як муҳити  экологии тозаву соф боқӣ монанд.

 

Эрматов К.А.- директори Филиали Агентии 
амнияти ХБРЯ-и АМИТ дар в.Суғд,
Адҳамов А., Бобоев Б, - кормандони  Филиал