АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН
АГЕНТИИ АМНИЯТИ ХИМИЯВӢ, БИОЛОГӢ,
РАДИАТСИОНӢ ВА ЯДРОӢ
МАҚОМИ ТАНЗИМГАРИ ДАВЛАТӢ

АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

АГЕНТИИ АМНИЯТИ ХИМИЯВӢ, БИОЛОГӢ,

РАДИАТСИОНӢ ВА ЯДРОӢ

МАҚОМИ ТАНЗИМГАРИ ДАВЛАТӢ

ҲИФЗИ ПИРЯХҲО ОСОИШТАГИИ ҲАЁТИ НАСЛҲОИ ОЯНДАИ ИНСОНИЯТРО ТАЪМИН МЕНАМОЯД

03.02.2025

Дар ҳудуди Тоҷикистон пиряхҳо дар мавзеи кӯҳҳои баланд, дар он ҷойҳое, ки ҳарорати ҳаво доимо аз 0° паст аст, пайдо шудаанд. Аз сабаби он, ки 93%-и ҳудуди Тоҷикистонро кӯҳҳо ишғол кардаанд ва қариб 50%-и онҳо зиёда аз 3000 метр баландӣ доранд. Кӯҳҳои Тоҷикистон яке аз калонтарин марказҳои яхбандии доимӣ мебошанд. Марказҳои асосии яхбандии ҳудуди Тоҷикистон – силсилакӯҳҳои Помир, Ҳисору Олой, Туркистону Зарафшон мебошанд.


Пиряхҳо аз се як  ҳиссаи оби солона ва қариб 50%-и сарчашмаҳои  тобистонаи оби дарёҳоро ташкил медиҳанд. Мутаассифона, ҳаҷми захираи ях ва масоҳати онҳо доимӣ набуда, вобаста ба тағйир ёфтани иқлим ҳаҷман кам ва масоҳаташон маҳдуд мешавад. Мувофиқи мушоҳидаҳо, ин ҳодиса дар ҳар 12–15 сол ва тақрибан 30–70 сол дар натиҷаи тағйири иқлим ба вуҷуд меоянд. Омӯзиши  пирях нишон дод, ки масоҳати онҳо сол аз сол хурд шуда истодааст. 


Дар шароити имрӯза гармшавии ҳарорати ҳаво, обшавии пиряхҳо, хушк шудани чашмаву дарёчаҳои минтақаҳои аҳолинишин ва дигар пайомадҳои офатҳои табиӣ ба яке аз мушкилоти глобалӣ мубаддал гашта, ба иқтисодиёт ва ҳаёти мардуми осоиштаи дунё рӯз ба рӯз таъсири манфӣ мерасонанд.
Имрӯзҳо захираҳои об зери таъсири хатарҳои гуногун қарор доранд, ки ба тамоми соҳаҳои ҳаёти мардум, бахусус, ба амнияти озуқаворӣ, тавлиди «неруи сабз» ва пойдории табиат таъсир мегузорад. Бино ба хулосаи коршиносон, имрӯз дар олам зиёда аз 2 миллиард нафар аз норасоии оби ошомиданӣ танқисӣ мекашад. 


Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди манфиатҳои миллӣ ҳифзи муҳити зист, махсусан пиряхҳо заминае мебошанд, ки осоиштагии ҳаёти наслҳои ояндаи инсониятро таъмин менамояд. Дар байни мушкилоти экологӣ яке аз тамоюлҳои муосир, мушкилоти обшавии пиряхҳо ҳамчун манбаи асосии оби тозаи ошомиданӣ мебошад.


Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви Ассотсиатсияи байналмилалии мамлакатҳое, ки ба мушкилоти мавҷудаи экологӣ бетафовут нестанд, дар аудити дохилӣ ва берунии худ тадбирҳои гуногуни экологиро ба таъсири инсон ба табиат муқаррар ва амалӣ менамояд. Масоили тағйири иқлим, камбуди оби ошомиданӣ, обшавии пиряхҳо ва таъмини амнияти экологии башар дар меҳвари Паёмҳои солонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Бояд қайд намуд, ки давоми солҳои охир таъсири манфии гармшавии иқлим, обшавии пиряхҳо мушоҳида мегардад, ки метавонад оқибатҳои номатлуберо чун тақсимоти нодурусти об дар обанборҳои сунъӣ, нерӯгоҳҳои барқӣ-обӣ, киштзорҳо, маҳалҳои аҳолинишин ба миён орад. 


Дар Паёми Пешвои миллат - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 декабри соли 2021 таъкид шудааст: «Дар давоми чанд даҳсолаи охир дар кишвари мо қариб сеяки ҳаҷми умумии пиряхҳо аз байн рафт, ки онҳо зиёда аз 60 фоизи захираҳои оби минтақаи Осиёи Миёнаро ташкил медиҳанд. Бо дарназардошти ин, кишвари мо якҷо бо шарикони байналмилалии худ барои эълони соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, таҷлил намудани Рӯзи умумиҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо ва таъсиси Хазинаи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо баҳри амалӣ намудани ташаббусҳои созанда қадамҳои устувор мегузорад.


Боиси хушнудист, ки дар асоси ин қатънома пешниҳодҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби кишварҳои узви СММ дастгирӣ ёфтанд, аз ҷумла:
– Эълони 21-уми март Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо;
– Эълони соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо;
– Таъсиси фонди байналмилалӣ дар СММ барои мусоидат ба ҳифзи пиряхҳо;
– Баргузории Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо дар шаҳри Душанбе дар соли 2025.


Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳояшон,  пиряхҳоро захираи асосии оби тоаз арзёбӣ карда, изҳор доштанд, ки обшавии босуръати онҳо дар баробари зиёдшавии истеъмоли об, ки бо афзоиши аҳолӣ ва рушди иқтисодӣ вобастагӣ дорад, метавонад ба оқибатҳои бағоят манфӣ оварда расонад.


Албата ин гуна суханрониҳо диққати ҷаҳониёнро басо рангин месозад. Бояд дар ин раванд мо бикӯшем то ки обро неъмати бебаҳо дониста онро тозаву озода ва покиза нигаҳ дорем. Бе об, мо ҳаёт ба сар бурда наметавонем, чунки об ин манъбаи ҳаёт мебошад. Об ин нерӯдиҳандаи инсон ба шумор рафта, 80% узви бадани инсонро об ташкил медиҳад. Агар инсон аз об танқисӣ кашад, пас он зиндагонӣ карда наметавонад. 

 

Дилшод Давлатов - нозири филиали Агентии
 амнияти ХБРЯ-и АМИТ, дар в. Хатлон