АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН
АГЕНТИИ АМНИЯТИ ХИМИЯВӢ, БИОЛОГӢ,
РАДИАТСИОНӢ ВА ЯДРОӢ
МАҚОМИ ТАНЗИМГАРИ ДАВЛАТӢ
АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН
АГЕНТИИ АМНИЯТИ ХИМИЯВӢ, БИОЛОГӢ,
РАДИАТСИОНӢ ВА ЯДРОӢ
МАҚОМИ ТАНЗИМГАРИ ДАВЛАТӢ
24.01.2025
«Сада дар баробари ҷашнҳои воқеан мардумии Наврӯз, Тиргон ва Меҳргон аз ойинҳои куҳантарини мардумони ориёитабор, аз ҷумла мо, тоҷикон буда, баъди гузашти асрҳои зиёд дар даврони сҳибистиқлолии Тоқикистон аз нав эҳё гардидааст».
Эмомалӣ Раҳмон.
Сада яке аз ҷашнҳои мавсимию қадимаи мардуми ориёитабор, аз ҷумла ниёгони тоҷикон буда, чун рамзи омодагӣ ба кишту кори баҳорӣ ва муждаи Наврӯз пазироӣ мегардид. Сада рамзи рафтани нимаи зимистон буда, ба мардум муждаи нахусти баҳор меоварад ва деҳқононро ба кишту кори саҳро омода менамояд. Сада бо гулхани рӯшноиафзои хеш сардиҳои зимистонро бо рӯшноиву гармиҳои баҳор мепайваст намуда, 50 рӯзу 50 шаби фарорасии Наврӯзро мардум бесаброна интизор мешаванд ва ба пешвози бузургтарин ҷашни баҳор ва истиқболи Соли нави аҷдодӣ – Наврӯзи оламафрӯз омода мегарданд. Ҷавҳари ҷашни Сада ин ҳам пирӯзии рӯшноӣ бар торикӣ, гармӣ бар сармо ва некӣ бар бадӣ буда, дар давоми асрҳо ниёгони мо онро бо афрӯхтани гулханҳои бузург ҷашн мегиранд.
Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони истиқлолият ин ҷашн аз нав эҳё гардида, ҳамасола охири моҳи январ дар кишвари мо бо шукуҳу шаҳомати ба худ хос таҷлил мегардад.
Вожаи Сада аз шумораи сад гирифта шудааст, ки то фарорасии Наврӯз тавре болотар ишора кардем 50 шабу рӯзро дар бар мегирад. Сада рамзи пирӯзии нур бар зулмот аст. Дар даврони гузашта Рӯзи 30 январ ҳама дар берун ҷамъ шуда, оташ меафрӯзонданд, ибодат мекарданд, суруд мехонанд ва намоишҳои мусиқӣ ё театрӣ баргузор мекарданд.
Ин ҷашн ёдгории давраи ориёист, ки дар маъхазҳои таърихию бадеӣ ба қаҳрамони таърихии Хушанг нисбат дода мешавад. Аз ҷумла яке аз классикони барҷастаи адабиёти форсу тоҷик Абулқосим Фирдавсӣ дар «Шоҳнома»-и безаволи худ дар бораи бунёди ҷашни Сада нақл мекунад, ки: “Боре шоҳ Ҳушанг ҳамроҳи хешовандонаш ба шикор меравад ва дар кӯҳҳо мори дарозу тирае мебинад. Ҳушанг санги калонеро бардошта ба сӯи мор мепартояд, мор гурехта меравад, аммо ин санг ба дигараш мезанад, шарорае ба вуҷуд меояд, ки аз он тамоми растаниҳои хушк оташ гирифта месӯзанд. Он вақт одамон усули оташ заданро намедонистанд. Ҳушанг ва наздиконаш аз кашфи асрори оташзанӣ шод шуда, онро неъмати илоҳӣ медонистанд. Шоҳ Ҳушанг ба Худо шукр гуфт, ки асрори оташ заданро ба мардум ошкор кард ва ба шаҳри худ баргашта, ин ҳодисаро ҷашн гирифт”. Дар ин ҷашн мардум порчаҳо аз китоби муқаддаси “Авесто” қироат карда, ғизо ва нӯшокиҳо тақсим мекарданд. Мутафаккири тоҷик Абӯрайҳони Берунӣ таҷлили ин идро чунин тавсиф кардааст: «Оташ бояд тамоми шаб сӯхт. Субҳи рӯзи дигар, занон ба назди оташ рафтанд ва чанд шохаи ҳанӯз сӯзондашударо бо худ ба хона бурданд, то дар ниҳоят ҳар хона бо оташ муқаддас гардад”. Абурайҳони Берунӣ ҳамчунин қайд мекунад, ки дар рўзҳои таҷлили Сада мардум барои ёдбуди мурдагон садақа ва таомҳои дар арафаи ҷашни Сада омодашударо ба камбизоатон ва бенавоён тақдим менамуданд.
Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намудаанд, «Миллати тоҷик, ки дорои неъматҳои сарватманд, анъана, расму оин ва маданияти кадима дорад, ба инкишофи тамаддуни ҷахонӣ ҳиссаи сазовор гузоштааст. Анъанаҳои нек ва ҷашнҳои миллии мо, аз қабили Наврӯз, Меҳргон, Сада, дар як давраи тӯлонии таърихӣ дар тарғиби ахлоқи ҳамида ва ҷаҳони маънавии созанда нақши бузург доштаанд».
Боиси ифтихор аст, ки Пешвои миллат онҳоро идҳои расмии миллӣ эълон намудаанд, ки онҳо аз ҷониби халқи тоҷик бо тантанаҳои хосгардида ва ҳамчун мероси ниёгон аз ҷониби Юнеско пазируфта шуданд.
Таҷлили иди Сада дар кишвари тозаистиқлоли мо на танҳо ёдоварӣ аз анъанаҳои бойи қадимаи халқи мо мебошад, балки ҳар яки мо тоҷикистониёнро барои боз ҳам гулгул шукуфоии Ватани маҳбубамон, рушди соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ барои ноил гардидан ба дастоварҳои баланд ва некӯаҳволии мардум ҳамчун раҳнамо хизмат намуда, баҳри баланд бардоштани обру ва эътибори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мусоидат менамояд.
Комилҷон Эрматов – директори Филиали
Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ дар в.Суғд