АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН
АГЕНТИИ АМНИЯТИ ХИМИЯВӢ, БИОЛОГӢ,
РАДИАТСИОНӢ ВА ЯДРОӢ
МАҚОМИ ТАНЗИМГАРИ ДАВЛАТӢ
АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН
АГЕНТИИ АМНИЯТИ ХИМИЯВӢ, БИОЛОГӢ,
РАДИАТСИОНӢ ВА ЯДРОӢ
МАҚОМИ ТАНЗИМГАРИ ДАВЛАТӢ
28.12.2024
28 декабри соли 2024 дар бинои нави Парлумони Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи якҷояи даҳуми Маҷлиси миллӣ ва маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум бо Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии ҷумҳурӣ» баромад намуданд.
Ҳайати кормандони Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон чун дигар кормандони вазорату идораҳо ба таври дастаҷамъӣ, Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро тамошо карда, таасуроти амиқ бардоштанд.
Дар робита бо ин, ходимони илмии Агентӣ кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олиро ҳамчун дастури рӯимизӣ, қарор дода, минбаъд дар амалӣ гардидани ҳадафҳои бузургу созандаи роҳбарияти давлату Ҳукумати кишвар бо заҳмати софдилонаву содиқона ва татбиқи илм бо истеҳсолот саҳми муносиб гузоранд.
Сарвари давлат зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олӣ самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии ҷумҳуриро мушаххас намуда, Ҳукумати мамлакатро доир ба пешбури фаъолият ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, ҳифзу тартибот, илму маориф, фарҳанг, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ ва дигар соҳаҳои ҳаёти ҷомеа вазифадор намуданд.