АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН
АГЕНТИИ АМНИЯТИ ХИМИЯВӢ, БИОЛОГӢ,
РАДИАТСИОНӢ ВА ЯДРОӢ
МАҚОМИ ТАНЗИМГАРИ ДАВЛАТӢ
АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН
АГЕНТИИ АМНИЯТИ ХИМИЯВӢ, БИОЛОГӢ,
РАДИАТСИОНӢ ВА ЯДРОӢ
МАҚОМИ ТАНЗИМГАРИ ДАВЛАТӢ
27.12.2024
27 декабри соли 2024, дар Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маҷлиси ҷамъбасти фаъолияти илмӣ-таҳқиқотии солона ва нақшаҳо барои давраи соли 2025 баргузор гардид.
Дар рафти чорабинӣ роҳбарият, мудирони шуъбаву секторҳои дастгоҳи марказӣ, директорони филиалҳои Агентӣ дар вилоятҳои Хатлон, Суғд ва Бадахшон ба таври маҷозӣ иштирок намуда, вобаста ба натиҷаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ дар соли 2024 ва нақашаҳо барои соли 2025 дар назди ҳозирин ҳисобот доданд.
Зимни таҳлили самтҳои фаъолияти Агентӣ, аз ҷумла таваҷҷуҳи асосӣ ба татбиқи технологияҳои инноватсионӣ ва истифодаи онҳо дар фаъолияти озмоишгоҳи марказӣ нави таълимӣ, гузаронидани мониторинги радиатсионӣ бо мақсади омода намудани харита радиологии Тоҷикистон, густариши ҳамкориҳо бо шарикони рушд дар доираи барномаҳои муштараки миллӣ ва байналмилалӣ, инчунин истифода таҷрибаи пешқадами илмӣ, ташкили семинарҳои омӯзишӣ барои мутахассисон дар самтҳои гуногуни амнияти ХБРЯ ва дигар масъалаҳои марбут ба фаъолияти Агентӣ зоҳир карда шуд.
Дар хотимаи чорабинӣ, роҳбарияти Агентӣ бо таваҷҷуҳ ба рушди илму технология ва нақшаҳои дар пешистода оид ба самтҳои нави фаъолият дар Озмоишгоҳи нав ва афзудани талаботи ҷомеа, вобаста рушди бахшҳои илм ва тандурустӣ дар самти ХБРЯ ба кормандон вазифаҳои муххас гузоштанд.
Ҳамчунин нақшаҳо барои соли 2025 муқаррар карда шуд.