АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН
АГЕНТИИ АМНИЯТИ ХИМИЯВӢ, БИОЛОГӢ,
РАДИАТСИОНӢ ВА ЯДРОӢ
МАҚОМИ ТАНЗИМГАРИ ДАВЛАТӢ

АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

АГЕНТИИ АМНИЯТИ ХИМИЯВӢ, БИОЛОГӢ,

РАДИАТСИОНӢ ВА ЯДРОӢ

МАҚОМИ ТАНЗИМГАРИ ДАВЛАТӢ

Баҳри баланд бардоштани сатҳи илмии кормандони ҷавон семинари машваратӣ баргузор гардид

10.12.2024

 

10 декабри соли равон дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати ХБРЯ- и Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, баҳри баланд бардоштани сатҳу сифати илмии мутахассисони ҷавон, бо иштироки олимон ва кормандони Марказ семинари машваратӣ баргузор гардид.

 

Ҳадафи семинари мазкур баланд бардоштани сатҳу сифати илм, тарбияи олимони ҷавон, инкишофи қобилияти эҷодӣ, ташаккули тафаккури илмӣ-техникӣ, рушди зеҳнӣ ва ҷалби ҷавонон ба фаъолияти илмию таҳқиқотӣ мебошад.

 

Дар кори семинар баҳри баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии олимони ҷавони Марказ, ходими калони илмии шуъбаи амнияти биолгӣ ва химиявии Агентӣ Суфиев Алимаҳмад дар мавзӯи «Қонунгузории самти амнияти биологӣ ва муҳофизати биологӣ» маъруза намуданд. Дар маърузаи худ Суфиев А. қайд намуданд, ки қонунгузории самти амнияти биологӣ дар кишвар сол аз сол пурзӯртар шуда истодааст, то ки саломатӣ ва амнияти аҳолӣ, муҳити зист, ҳайвонот ва наботот, маҳсулоти чорводорӣ ва растанипарвариро аз хатарҳои ангезандаҳои бемориҳои сирояткунанда ва токсини онҳо эмин дорем. 

 

 

Дар фарҷоми чорабинӣ вобаста ба мавзӯи баррасишуда, муҳокимаронӣ сурат гирифта, иштирокчиён ба суолҳои худ посухҳои мушаххас гирфтанд.
 
Ёдовар мешавем, ки дар доираи ‹‹Барномаи давлатии тайёр кардани кадрҳои сатҳи баланди илмӣ барои солҳои 2021-2030›› тибқи супориши роҳбарияти Агентӣ бо мақсади баланд бардоштани савияи дониши олимони ҷавон баргузории чунин семинарҳо ҳар ҳафта идома меёбад.