АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН
АГЕНТИИ АМНИЯТИ ХИМИЯВӢ, БИОЛОГӢ,
РАДИАТСИОНӢ ВА ЯДРОӢ
МАҚОМИ ТАНЗИМГАРИ ДАВЛАТӢ

АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

АГЕНТИИ АМНИЯТИ ХИМИЯВӢ, БИОЛОГӢ,

РАДИАТСИОНӢ ВА ЯДРОӢ

МАҚОМИ ТАНЗИМГАРИ ДАВЛАТӢ

Рушди ҳамкории минтақаҳои аз силоҳи ҳастаӣ озод — калиди таҳкими амнияти глобалӣ

05.12.2024

 

5 декабри соли 2024 бахшида ба 15 солагии қабули созишнома дар бораи минтақаҳои аз силоҳи ҳастаӣ озод дар Осиёи Марказӣ дар Вазорати корҳои хориҷии Туркманистон ҷаласаи кишварҳои иштирокдори Созишнома дар бораи минтақаҳои аз силоҳи ҳастаӣ озод дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид. Мавзӯи чорабинӣ ба «Таҳкими ҳамкорӣ байни минтақаҳои мавҷудаи аз силоҳи ҳастаӣ озод» бахшида шуда, роҳбарии ҷаласа аз ҷониби Туркманистон анҷом ёфт. 

 

Дар ҷамъомад намояндагони сатҳи баланди кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон, намояндагиҳои дипломатӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ ва коршиносони соҳаи халъи силоҳ иштирок намуданд. Дар чорабинӣ инчунин дабири кули Агентӣ оид ба манъи яроқи ҳастаӣ дар Америкаи Лотинӣ ва бахри Қариб ва раиси Комиссияи Африқоӣ оид ба энергияи ҳастаӣ низ дар шакли маҷозӣ иштирок намуданд. 

 

 

Илҳом Мирсаидзода-директори Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии АМИТ ба ҳайси намояндаи Ҷумҳурии Тоҷкистон дар ин ҷаласа иштирок намуда, нақши калидии минтақаҳои аз силоҳи ҳастаӣ озодро дар таҳкими сулҳу суботи ҷаҳонӣ иброз дошт. 

 

Директори Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии АМИТ изҳор дошт, ки «Ташкил ва рушди минтақаҳои аз силоҳи ҳастаӣ озод намунаи равшани садоқати ҷомеаи ҷаҳонӣ ба идеяи ҷаҳони бидуни таҳдиди ҳастаист. Минтақаи Осиёи Марказӣ мавқеи махсус дорад, зеро он аввалин минтақа дар нимкураи шимолӣ мебошад. Ин ҷаласа на танҳо ваҳдати саъю кӯшишҳои моро инъикос мекунад, балки дурнамо ва роҳи нави ҳамкориҳои минтақавӣ ва байналмилалиро боз мекунад». 

 

Илҳом Мирсаидзода аҳамияти табодули таҷриба байни кишварҳоро таъкид намуда, механизмҳои нав, кафолати ҳуқуқӣ ва истифодаи осоиштаи энергияи атомиро ҳамчун самтҳои муҳими таъмини амният зикр кард. 

 

Номбурда ҳамчунин ташаббуси ба имзо расонидани Ёддошти ҳамкорӣ байни минтақаҳои Осиёи Марказӣ ва Америкаи Лотиниро дастгирӣ намуда, онро як қадами нав баҳри муттаҳидсозии талошҳо арзёбӣ намуда, афзуд, ки шарикӣ дар ин самт василаи муҳими расидан ба ҷаҳони бидуни таҳдиди ҳастаӣ боқӣ мемонад, хусусан дар шароити чолишҳои нави ҷаҳонӣ. 

 

Натиҷаҳои асосии ҷаласа: 

1. Табодули афкор ва таҷриба. Иштирокдорон тадбирҳои нигоҳдории ҳамкориҳои самаранок, аз ҷумла механизмҳои табодули иттилоотро баррасӣ карданд. 

 

2. Баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ. Қарор шуд, ки фаъолиятҳо оид ба огоҳ намудани ҷомеа дар бораи аҳамияти халъи силоҳи ҳастаӣ зиёд карда шаванд. Ҷаласа зарурати густариши ҳамкорӣ байни минтақаҳои аз силоҳи ҳастаӣ озодро барои таҳкими амнияти ҷаҳонӣ тасдиқ намуд. 

 

Дар ин чорабинӣ ҳуҷҷати хотимавӣ қабул шуд, ки ӯҳдадориҳои умумии иштирокдоронро дар самти халъи силоҳ ва рушди минбаъдаи ҳамкориҳои байни минтақаҳои мавҷудаи аз силоҳи ҳастаӣ озод инъикос мекунад. Дар хотимаи ҷаласа Ёддошти тафоҳум байни минтақаи аз силоҳи ҳастаӣ озоди Осиёи Марказӣ ва Агентии манъи силоҳи ҳастаӣ дар Амрикои Лотинӣ ва ҳавзаи Кариб (OPANAL) ба имзо расид.

 

Ин санад қадами муҳим дар роҳи муттаҳидсозии талошҳои умумии минтақаҳои аз силоҳи ҳастаӣ озод дар сатҳи ҷаҳонӣ ба шумор меравад.