АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН
АГЕНТИИ АМНИЯТИ ХИМИЯВӢ, БИОЛОГӢ,
РАДИАТСИОНӢ ВА ЯДРОӢ
МАҚОМИ ТАНЗИМГАРИ ДАВЛАТӢ
АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН
АГЕНТИИ АМНИЯТИ ХИМИЯВӢ, БИОЛОГӢ,
РАДИАТСИОНӢ ВА ЯДРОӢ
МАҚОМИ ТАНЗИМГАРИ ДАВЛАТӢ
05.12.2024
5 декабри соли равон дар маҷлисгоҳи Институти химияи ба номи В.И. Никитини Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маҷлиси навбатии Шӯрои диссертатсионии муштараки 6D.КОА-042 оид ба ҳисоботи солонаи шӯро баргузор гардид.
Дар кори маҷлис раиси Шуро профессор, доктори илмҳои химия, академики АМИТ Улмас Мирсаидов , муовини раиси шӯро профессор, доктори илмҳои техникӣ Самиҳзода Шонаврӯз Раҳим, директори Институти химия Сафаров А., инчунин кормандони Комиссияи олии аттестатсинии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.
Дар рафти маҷлис оид ба фаъолияти солонаи Шуро дар соли 2024 котиби Шуро н.и.т. Ҳамидов Фаоҳод баромад карда, дар назди ҳозирин аз натиҷаи фаъолияти Шуро дар соли ҷорӣ ҳисобот дод.
Сипас аз ҷониби раиси Шуро академики АМИТ Улмас Мирсаидов ва дигар аъзои Шуро баҳри беҳтар ба роҳ мондани фаъолияти шурои диссертатсионӣ, беҳтар кардани сатҳу сифати рисолаҳои илмӣ ва ворид кардани тайғиру иловаҳо ба талаботҳои “Низомномаи Шурои диссертатсионӣ” КОА таклифу пешниҳодҳо ироа гардид.
Дар кори маҷлис мудири шуъбаи табиӣ-риёзии Комиссияи олии аттестатсинии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мирзозода А., корманди дигари КОА ҷиҳати фаъолияти босамари Шӯрои диссертатсионии муштараки 6D.КОА-042 назди Институти химияи ба номи В.И. Никитини ва Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии АМИТ дар соли ҷорӣ суханронӣ карданд.
Аз ҷониби кормандони КОА қайд карда шуд, ки роҳбарияти КОА саъю кӯшиш карда истодаанд, ки фаъолияти КОА ва Шуроҳои диссертатсионӣ аз ин ҳам беҳтар шаванд ва дар партави эълон гардидани “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” солҳои 2020-2040 барои тайёр намудани мутахассисони баландихтисос аҳмгузор бошем.
Дар фарҷоми маҷлис раиси Шуро академики АМИТ Улмас Мирсаидов барои ҳамкориҳои судманд дар самти тайёр намудани мутахассисони сатҳи баланди илмӣ ба раиси Комиссияи Олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кормандони он изҳори миннатдори баён намуданд.