АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН
АГЕНТИИ АМНИЯТИ ХИМИЯВӢ, БИОЛОГӢ,
РАДИАТСИОНӢ ВА ЯДРОӢ
МАҚОМИ ТАНЗИМГАРИ ДАВЛАТӢ
АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН
АГЕНТИИ АМНИЯТИ ХИМИЯВӢ, БИОЛОГӢ,
РАДИАТСИОНӢ ВА ЯДРОӢ
МАҚОМИ ТАНЗИМГАРИ ДАВЛАТӢ
29.11.2024
28 ноябри соли равон дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати ХБРЯ- и Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, баҳри баланд бардоштани сатҳу сифати илмии мутахассисони ҷавон, бо иштироки олимон ва кормандони Марказ семинари машваратӣ баргузор гардид.
Ҳадафи семинари мазкур баланд бардоштани сатҳу сифати илм, тарбияи олимони ҷавон, инкишофи қобилияти эҷодӣ, ташаккули тафаккури илмӣ-техникӣ, рушди зеҳнӣ ва ҷалби ҷавонон ба фаъолияти илмию таҳқиқотӣ мебошад.
Дар кори семинар ходими пешбари илмии Агентӣ, номзади илмҳои физика Саломов Ҷаббор дар мавзӯи «Сохти атом» маъруза намуд.
Сипас, дар идомаи чорабинӣ мутахассисони ҷавон Маҳина Урунова дар мавзӯи «Усули реаксияи занҷири полимеразӣ» ва озмоишгари калони Марказ Асиламои Ашурмад дар мавзӯи усули дигари таҳлил, яъне «Таҳлили иммуносорбенти бо фермент», баромад карда моҳияти ин усулҳоро дар назди иштирокчиён шарҳу тавзеҳ доданд.
Дар фарҷоми чорабинӣ вобаста ба мавзӯъҳои баррасишуда, муҳокимаронӣ сурат гирифта, иштирокчиён ба суолҳои худ посухҳои мушаххас гирфтанд.
Бояд тазаккур дод, ки роҳбарияти Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ дар доираи ‹‹Барномаи давлатии тайёр кардани кадрҳои сатҳи баланди илмӣ барои солҳои 2021-2030›› тасмим гирфтааст, ки баҳри омода кардани мутахассисони сатҳи баланди илмӣ, ҳар ҳафта дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати ХБРЯ семинари машваратӣ баргузор намояд.