Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ,
радиатсионӣ ва ядроӣ
мақоми танзимгари давлатӣ

НБО - “Роғун” иншооти тақдирсоз ва омили боз ҳам баланд гардидани сатҳи некуаҳволии мардуми Тоҷикистон

08.11.2024

НБО - “Роғун” иншооти тақдирсоз ва омили боз ҳам баланд гардидани сатҳи некуаҳволии мардуми Тоҷикистон

Миллати точик аз кадимулайём сохиби хираду идрок ва мехнатдӯсту пурғайрат буд. Он хамеша дар пайи ободиву озодагист. Ин миллати бузург хамеша кӯшиш бар он медиҳад, ки ба касе дастнигару эхтиёҷманд набошад. Душвориву мамониатҳоро бо заҳмати бузурги худ паси сар намояд.
Ҳамин аст, ки аҳли кишвар имрузҳо бо иродаи қавӣ, пайи ободии ватани азиз, масхусан НБО “Роғун” заҳмат мекашанд.


Барҳақ, давлате, ки заминаи рушди имрўза ва ояндаро мегузорад, суботи иқтисодӣ ва иқтидори сиёсии худро нигоҳ дошта, сатҳи зиндагии мардумро баланд мебардорад. Хушбахтона, Тоҷикистони соҳибистиқлол дар ин самт қадамҳои дилпуронаро пеш мебарад. Иқдоми муҳими давлату Ҳукумати кишвар бунёди иншооти аср – НБО “Роғун” мебошад, ки яке аз сохтмонҳои азими аср ва ояндадори Ватани маҳбубамон маҳсуб мешавад. Солҳои охир давраи муҳими бунёди ин иншооти нодир фаро расид, ки барои анҷоми кору нақшаҳо мутахассисони ватанию хориҷӣ шабу рӯз талош меварзанд. 


НБО “Роғун” иншооти тақдирсоз, омили боз ҳам баланд гардидани сатҳи некуаҳволии мардуми Тоҷикистон мебошад. Оғози фаъолияти нерӯгоҳ муҳимтарин рӯйдоди таърихи давлатдории мардуми тоҷик аст ва он дар солномаи таърихӣ бо ҳарфҳои заррин сабт гардид. Зеро нерӯи барқи аз ҷиҳати экологӣ тоза истеҳсолшуда талаботи аҳолии мамлакатро ба нерӯи барқ пурра қонеъ намуда, илова бар ин нуфузи Тоҷикистонро ҳамчун кишвари содиркунандаи нерӯи барқ дар минтақа боз ҳам боло хоаҳ бурд, ки ин ба рушди иқтисоди миллии кишвар такони ҷиддӣ мебахшад.


НБО “Роғун” дар рӯдхонаи Вахш сохта шуда, бо иқтидори муқарраршудааш, ки  3600 МВт пешбинӣ гардидааст, бузургтарин нерӯгоҳи барқи обӣ  дар Осиёи Марказӣ ба ҳисоб меравад. Дар нерӯгоҳи мазкур шаш агрегат бо иқтидори 600 МВт насб карда шуда, дар як сол беш аз 17,0 миллиард кВт / соат нерӯи барқ ҳосил мекунад.


Сарбанди нерӯгоҳ 335 метр буда,  баландтарин сарбанд дар ҷаҳон ба шумор меравад. Ҳаҷми умумии обанбори Роғун  13,3 км³  ва ҳаҷми муфиди он 10,3 км³ - ро ташкил медиҳад. Роғун як маҷмааи гидроэнергетикӣ бо ҳадафҳои бузург, аз ҷумла тавлиди нерӯи барқ, танзими об, коҳиш додани хатари обхезӣ ва хушксолӣ ба нақша гирифта шудааст.


Бар асоси ин далелҳо метавон гуфт, ки нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” на танҳо барои Тоҷикистон, балки барои минтақа ва ҷаҳон ҳамчун иншооти зарурӣ ва фоидаовар муҳим аст.


Тавре иттилоъ дорем, маҳз бо иштироки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 29 октябри соли 2016 маҷрои дарёи Вахш баста шуда, бунёди сарбанди Неругоҳи барқи обии “Роғун” оғоз ёфт.


Ҳамин тариқ, 16 ноябри соли 2018  ва 9 сентябри соли 2019 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон агрегатҳои якум ва дуюми НБО – “Роғун” - ро ба кор дароварданд ва нерӯи барқи тавлидшаванда ба системаи умумии энергетикии мамлакат интиқол дода шуд, ки  орзуву омоли деринаи миллати тоҷик амалӣ гардид.  


Хулоса, иншооти бузурги аср, яъне НБО -“Роғун” ҳамчун нерӯгоҳи барқӣ-обӣ, барои миллати тоҷик на танҳо нуру зиё, балки баракату фаровонӣ, якдигарфаҳмӣ, пешрафти давлат ва рушди иқтисодро дар ҳамбастагӣ таъмин менамояд. Роғун ҳамчун нигине аз алмос дар тоҷи заррин буда, ояндаи неки миллати мо мебошад. 


Бинобар ин, ҳар як  фарди бо нангу номусро зарур аст, ки барои амалӣ шудани ҳадафҳои созанда ва таъмини пурраи истиқлолияти энергетикӣ камари ҳимат баста, самаранок кор ва фаъолият намояд.
Ин кохи нур, ҳамчун маъхази гарон баробари ба анчом расидану қад афрохтан чун нур ва нишоту шодӣ ҳувайдо мегардад, зеро он аз иттиҳоди бузурги миллати баору номус ва аз саҳми Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон то хурду бузурги ин сарзамини офтобӣ ба авҷ сар кашид.

 

Комилҷон Эрматов – директори  Филиали  Агетии амнияти ХБРЯ-и АМИТ дар в.Суғд