24.10.2024
24 - октябр ҳамчун Рӯзи иттифоқҳои касаба ҷашн гирифта мешавад
Шуруъ аз соли 2022 ҳамасола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 октябр ҳамчун Рӯзи иттифоқҳои касаба ҷашн гирифта мешавад, ки заминаи он ба мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолони ин ташкилоти оммавӣ - ҷамъиятӣ ҳануз 24 октябри соли 2019 асос меёбад.
Агар каме ба таърих рӯ биёрем, ҳанӯз 15 апрели соли 1926 Анҷумани якуми иттифоқҳои касабаи Ҷумҳурии Мухтори Советии Сотсиалистии Тоҷикистон баргузор гардид, ки бо қарори он мақоми роҳбарикунандаи иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон – «Тоҷиксовпроф» таъсис дода шуд. 19 апрели соли 1937 мутобиқи қарори пленуми иттифоқҳои касаба марказии Итиҳоди Шӯравӣ шӯроҳои итифоқҳои касабаи ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ, шаҳрӣ ва маҳаллӣ барҳам дода шуданд. Соли 1948 «Тоҷиксовпроф» аз нав таъсис дода шуд Бо қарори анҷумани XV Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон аз 24 январи соли 1991 «Тоҷиксовпроф» ба Шӯрои Федератсияи иттифоқҳои касабаи Ҷумҳурии Тоҷикистон номгузорӣ шуд. Бо қарори Анҷумани XVI Иттифоқҳои касабаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 майи соли 1996 Шӯрои Федератсияи иттифоқҳои касабаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо қарори Анҷумани XVII Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон аз 26 майи соли 2001 Шӯрои Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ба Федератсияи иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон ва бо қарори анҷумани XVIII иттифоқҳои касаба аз 25 майи соли 2006 дубора бо Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон номгузорӣ шуд.
Иттифоқҳои касаба барои рушди босубот ва инкишофи хоҷагии халқи мамлакат, боло рафтани нуфуз ва эътибори шахс дар ҷомеа, ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои онҳо дар асоси Конститутсия, Кодекси меҳнат, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттифоқҳои касаба» фаъолият мекунанд. Иттифоқҳои касаба дар таҳкими дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва тақвияти неруи инсонӣ дар мамлакат саҳм мегузоранд.
Чуноне дар Оинномаи Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон дарҷ гардидааст, «иттифоқҳои касаба кӯшиш менамоянд, ки ҳуқуқҳои конститутсионии ҳар шаҳрванд, бе мансубияти он ба миллат ва дин, ба меҳнат, озодии интихоби касбу кор, шароити одилонаи меҳнат ва манфиатҳои бекорон ҳифз шаванд, низоми иҷтимоии одилонаи музди меҳнат ва шароити кор татбиқ шавад, риояи қонунҳои меҳнат, қоидаву меъёрҳои ҳифзи меҳнат ва муҳити зист таъмин шавад, замина ва маблағ барои беҳдошти сиҳатии кормандон, аъзои оилаи онҳо, инкишофи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ба вуҷуд оварда шавад, созишномаю шартномаҳои коллективӣ баста шаванд ва иҷрои онҳо таҳти назорат қарор гирад». Фаъолияти иттифоқҳои касаба дар мамлакат ба ҳайси ташкилоти ҷамъиятӣ ба санадҳои қонунгузорӣ асос ёфта, назорати ҷамъиятии риояи қонунгузории меҳнат маҳз ба дӯши ин ниҳод вогузор шудааст.
Мутобиқи маълумоти Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ, ба ҳолати 1 сентябри соли 2023 дар ҷумҳурӣ 33 549 корхона, муассисаву ташкилот, новобаста аз шакли моликият фаъол буда, аз онҳо 19157 адад ҳуқуқи ба имзо расонидани шартномаи коллективиро доранд ва 16912 адад бо шартнома ва созишнома фаро гирифта шудаанд, ки 88,2 фоизро ташкил дод. Тибқи маълумотҳои Федератсияи иттифоқҳои касаба дар давраи соли 2023 шумораи умумии аъзои Иттифоқи касабаи Тоҷикистон 900 122 нафарро ташкил дода, теъдоди ташкилоти ибтидоии иттифоқҳои касаба ба 11 095 адад расидааст.
Ҳамчун як пояи ҳуқуқӣ вобаста ба Иттифоқи касабаи Тоҷикистон Ҳукумати Ҷумҳӯрии Тоҷикистон аз 2 августи соли 2011, №757 қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттифоқҳои касаба»-ро қабул кардааст, ки он асосҳои ҳуқуқии таъсиси иттифоқҳои касаба, ҳуқуқу кафолатҳои фаъолияти онҳоро муайян намуда, муносибатҳои иттифоқҳои касабаро бо мақомоти ҳокимияти давлатӣ, корфармоён, иттиҳодияҳои онҳо, дигар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ танзим менамояд. Чи тавре, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, роҳбарону фаъолон ва аъзои иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон минбаъд низ барои фароҳам овардани шароити шоистаи кор ва зиндагӣ ба мардуми шарифи Ватани азизи мо - Тоҷикистон содиқона хизмат хоҳанд кард.
Тибқи моддаи 5 қонуни мазкур «шаҳрвандон барои ҳимояи манфиатҳои худ ҳуқуқ доранд бо хоҳиши худ, бе иҷозати пешакӣ ташкилоти иттифоқи касаба таъсис диҳанд, бо шарти риояи оиннома (низомнома) ба иттифоқи касаба дохил ва аз он хориҷ шаванд».
Дар ин асос дар Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии АМИТ иттифоқи касабаи таъсис дода шудааст, ки айни замон аъзоёни он то 80 нафар расидаанд. Дар Агентӣ байни кормандон ва роҳбарият шартномаи коллективӣ баста шудааст.
Ҳифзи иҷтимоии кормандон ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи роҳбарияти Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии АМИТ қарор дорад. Дар роҳи ноил шудан ба дастовардҳо дар баробари дигар сохторҳои Агентӣ иттифоқҳои касаба низ саҳм гузошта, масъулияти ширкат дар идоракунии раванди корӣ, тарбияи кадрҳо, ҳалли масъалаҳои мубрами ҳаётӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти кормандон ба уҳда дорад.
Аз ин ру, Иттифоқи касаба ҳамчун ташкилоти оммавӣ вазифадораст, ки рисолати хешро дар ҳифзу ҳимояи дастовардҳои истиқлоли давлатӣ, таҳкими сулҳу субот дар саросари кишвар, ваҳдати миллӣ, ҳифзи манфиатҳои иҷтимоиву иқтисодии аъзои иттифоқи касаба ва фароҳам овардани шароити арзандаи зиндагӣ барои ҳар як корманд анҷом диҳанд.
Ҳамидов Фарҳод – н. и. т., шуъбаи илмӣ – тадқиқотӣ, таълиму омӯзиш ва хизматрасониҳои техники Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ