18.10.2024
Ҳафтаи сипаришуда дар Маркази омӯзишӣ ва таълимии Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таҳти роҳбарии академики АМИТ Улмас Мирсаидов семинари навбатии илмӣ-амалӣ вобаста ба вазъи бехатарии радиоэкологӣ доир гардид.
Дар семинари мазкур, бо иштироки ходимони илмӣ аз Агентии амнияти ХБРЯ-АМИТ, Институтҳои химияи ба номи В.И. Никитин ва Институти физика ба номи С.У. Умарови АМИТ баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои актуалӣ дар бораи идоракунии бехатарии радиоэкологӣ ва мониторинги сатҳи радиатсионӣ дар шимоли Тоҷикистон мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт.
Сипас, Ҳакимҷон Тиллобоев корманди Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ дар вилояти Суғд зери мавзуи “Идоракунии бехатарии радиоэкологӣ ва техногенӣ дар минтақаи шимоли Тоҷикистон” баромад намуда, натиҷаҳои таҳлили вазъи имруза ва тавсияҳо оиди беҳтар намудани системаи идоракунӣ барои ҳифзи аҳолӣ ва экосистемаро дар назди ҳозирин шарҳу тавзеҳ дод.
Ҳамчунин, дар ҷараёни семинар Шукурҷон Раҳимбердиев корманди дигари Агентӣ бо мақоли худ дар мавзуи "Мониторинги радон дар атрофи маҳфузгоҳҳои радиоактивӣ ва мониторинги изотопи сезий-137 дар шимоли Тоҷикистон” маъруза намуда, оид ба вазъи радиатсионӣ дар минтақа ва тадбирҳои коҳиш додани таҳдиди хатарҳо барои ҳифзи саломатии аҳолӣ маълумот дод. Зимнан аз ҷониби иштирокчиён мавзуъҳои мазкур мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Иштирокчиён аҳамияти таҳқиқотҳои минбаъдаро дар ҳамкорӣ бо мутахассисони соҳа барои таъмини бехатарӣ ва ҳифзи саломатии аҳолӣ таъкид намуданд.
Таъкид гардид, ки баргузор намудани чунин семинарҳо ҳамчун платформа барои муҳокимаи масъалаҳои бехатарии радиоэкологӣ дар минтақа, мубодилаи таҷриба байни мутахассисони соҳа ва баланд бардоштани маълумотнокии аҳолӣ вобаста ба вазъи радиатсионӣ хизмат менамояд.