Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ,
радиатсионӣ ва ядроӣ
мақоми танзимгари давлатӣ

Бо мусоидати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгоҳи муосири рентгенӣ дастрас гардид

14.10.2024

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати муҷҷаҳаз гардонидани марказҳои саратоншиносӣ бо дастгоҳҳои замонавӣ дар кишвар, дар ин самт Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон саҳми назарас мегузорад.  Аз ҷумла бо мусоидати Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии АМИТ, ҳамчун ҳамоҳангсози миллӣ ва маблағгузории Агентии байналмилалии нерӯи атомӣ (АБНА) ба Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгоҳи нави пешрафтаи рентгении навъи «Ортоволтаж» дастрас гардид. 

 

 

Маросими расмии супоридани дастгоҳи мазкур ҳафтаи сипаришуда аз ҷониби муовинони ҳамоҳангсози миллӣ – Матин Ахмедов, муовини аввали директор ва Олимҷон Азизов – сардори шуъбаи муносибатҳои байналмилалӣ ва робита бо ҷомеаи Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии АМИТ сурат гирифта, дар он сардухтур ва табибони Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ низ иштирок намуданд.

 

 

Ин навъи технологияи муосир ба табибони марказ шароит фароҳам меорад, ки ташхис ва табобати дақиқи саратон, хусусан беморони дорои варамҳои пӯст ва сатҳи болоӣ ба роҳ монда шавад.

 

 

Зимни муаррифии таҷҳизоти мазкур Матин Ахмедов вобаста ба зарурат ва муҳимияти он дар рушди илми тиб, табобати беморони гирифтори саратон ва хизматрасонӣ ба аҳолӣ изҳор дошт, ки “Дастрас гардидани дастгоҳи нави рентгенӣ, яъне Ортоволтаж як марҳилаи нав баҳри беҳтар намудани усулҳои табобати гирифтори бемории саратон ва муолиҷаи он дар муассисаҳои тиббии кишвар арзёбӣ мегардад. Ҳамин аст, ки бо дастгирии Ҳукумати мамлакат дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд, мо ба сӯи ояндае қадам мегузорем, ки аҳолӣ ба табобати муасиртар ва дақиқтар дастрасӣ хоҳанд дошт."


Бояд тазаккур дод, ки Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ, яке аз муассисаҳои пешқадами соҳаи тиб дар самти мубориза ва табобати бемории саратон дар кишвар арзёбӣ мегардад. Бо дастрас гардидани дастгоҳи нави рентгенӣ, ки он метавонад радиатсияро ба варамҳои наздики сатҳи пӯст расонда, зарари бофтаҳои солимро коҳиш диҳад, Маркази мазкур бо усулҳои нав аз ин имконият истифода бурда, дар самти пешгирӣ, мубориза ва муолиҷаи саратон дар ҷумҳурӣ баҳраманд хоҳад шуд. 
 

 

Зикр гардид, ки дастгоҳи дастарсгардида аз тарафи АБНА ва шарикони рушд қисме аз кӯшишҳои байналмилалии ҷониби Тоҷикистон мебошад, ки баҳри таҳкими зерсохтори соҳаи тандурустӣ, беҳтар намудани шароити табобати саратон, фарогирии аҳолӣ ба имкониятҳои соҳаи тиб ва бехатарии радиатсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон равона шудааст. Ин ҳамкорӣ талошҳои пайвастаро барои таъмини истифодаи бехатар ва муасири технологияҳои радиатсионӣ дар соҳаи тиб бо риояи талаботи байналмилалии бехатарии радиатсионӣ инъикос менамояд.

 

 

Иброз гардид, ки дар ин замина, Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ ҳамкориро бо шарикони рушд ва байналмилалӣ баҳри таҳкими инфрасохтори соҳаи тиб бо мақсади муҷаҳаз гардонидани технологияҳои нав дар соҳаи бехатарии радиатсионӣ, табобати нурӣ ва ҳифзи саломатӣ идома хоҳад дод.