Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ,
радиатсионӣ ва ядроӣ
мақоми танзимгари давлатӣ

Баррасии корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ оиди ба даст овардани шишаи бордор бо миқдори гуногун дар семинари навбатӣ

20.09.2024

Дар семинари навбатии илмӣ-амалӣ, ки ҳафтаи равон бо ибтикори Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ ва Озмоишгоҳи  коркарди ашёи хоми минералӣ ва партовхои Институти химияи ба номи И.Никитинаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо иштироки олимони ҷавон ва муҳақиқони соҳа баргузор гардид, кори илмӣ оиди ба даст овардани шишаи бордор бо миқдорҳои гуногуни бор мавриди муҳокима қарор гирифт. 

 


Улмас Мирсаидов академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон семинари илмӣ-амалро  ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки азбаски бор барои муҳофизат аз нейтронҳо маводи олӣ аст, бояд таркиби шишаи бордорро бо миқдорҳои гуногун гирифта, шаклҳои муҳофизат аз нейтронҳо вобаста аз унсури бор, дар таркиби шишаи бордор муҳокима карда шавад.

 

 
Зимни баргузории семинари илмӣ иштирокчиён оид ба усулҳои гуногуни коркарди истеҳсоли шишаи бордор суханронӣ намуда, кори истихроҷи маҳсулоти борро аз намакобҳои бордор низ баррасӣ карданд.
Таъкид гардид, ки таҳқиқотҳои қаблии Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ  нишон дод, ки барои аз намуна ҷудо намудани уран зарур аст, пайвастагиҳои хлорро такшон намуда, сипас ба осонӣ уранро собсия кардан мумкин аст. Сипас, баъди ҷудо намудани уран махлулро барои ба даст овардани махсулотҳои бордор истифода бурдан мумкин аст, ки онҳо барои энергия ва дигар соҳаҳо,  масалан: саноат, нуриҳои бор барои хоҷагии қишлоқ, тиб ва ғайра, ки маҳсулоти хеле пурқиммат мебошанд.

 


 
Дар интиҳои чорабинӣ байни иштирокчиён мубоҳисаҳои илмӣ сурат гирифт.