АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН
АГЕНТИИ АМНИЯТИ ХИМИЯВӢ, БИОЛОГӢ,
РАДИАТСИОНӢ ВА ЯДРОӢ
МАҚОМИ ТАНЗИМГАРИ ДАВЛАТӢ
АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН
АГЕНТИИ АМНИЯТИ ХИМИЯВӢ, БИОЛОГӢ,
РАДИАТСИОНӢ ВА ЯДРОӢ
МАҚОМИ ТАНЗИМГАРИ ДАВЛАТӢ
09.12.2024
Ояндаи Тоҷикистон аз фаъолияти омӯзгор ва рушди илму маориф вобастагии зиёд дорад. Дар хотир бояд дошт, ки танҳо миллати босавод метавонад насли соҳибмаърифату донишманд ва кадрҳои арзандаи давронро ба воя расонад, пеш равад ва дар ҷомеаи мутамаддин мақоми арзандаи худро пайдо намояд.
Эмомалӣ Раҳмон
Ҳеч кас аз пеши худ чизе нашуд,
Ҳеч оҳан ханҷари тезе нашуд.
Ҳеч Мавлоно нашуд мавлои Рум,
То муриди Шамси Табрезӣ нашуд.
Оре, бе омӯзгор инсон рушд карда наметавонад.Агар барои қабои сабз ба бар намудани замин баҳор лозим бошад, пас барои сабз гаштани таманнои инсон устод рамзи баҳор аст. Оре, бе устод, кас наметавонад аз доираи тафаккури маҳдуд берун гашта, оламу одамро дарк намояд. Дар ин маврид шоир гуфтааст:
Агар дар ҷахон набвад омӯзгор,
Шавад тира аз бехирад рӯзгор.
Тавре Пешвои миллат- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ ба муносибати Рӯзи дониш, ки 1-уми сентябри соли равон иро гардид, баён доштанд: «Тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» шаъну шарафи омӯзгор таҳти кафолат ва муҳофизати қонун қарор дорад.Аз ин рӯ, ҷомеа бояд хуб дарк намояд, ки эҳтиром ба омӯзгор – эҳтиром ба ояндаи миллат аст. Омӯзгор шахсест, ки бо нури саводу маърифат ва илму дониш ҳаёти ҷомеаро равшан месозад, хурофоту ҷаҳолатро аз ҳаёти ҷомеа берун мекунад ва созандагону ободгарони ояндаи Ватанро ба камол мерасонад. Дуруст аст, ки ҳанӯз дар ҳаёти омӯзгорон мушкилоти иқтисодиву иҷтимоӣ ва маишӣ ҷой доранд, вале агар омӯзгор бо азму иродаи қавӣ дар иҷрои рисолати касбии худ кӯшиш намояд, он гоҳ насле ба камол хоҳад расид, ки ба қадри заҳмати устоду омӯзгори худ мерасад ва ба давлату ҷомеа содиқона хизмат мекунад. Яъне дар сурати заҳмати дилсӯзонаву содиқонаи омӯзгор наслҳое ба воя мерасанд, ки давлату миллат ба шарофати кору фаъолияти онҳо боз ҳам ободу зебо ва сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ бамаротиб баланд мегардад».
Воқеан чи тавре, ки падару модар нисбат ба фарзанди худ меҳру муҳаббат дорад, устоди ҳақиқи низ нисбат ба шогирд чунин аст. Шогирд низ нисбат ба устод ҳамчунин фарзанд ба ҳисоб меравад, ҳатто дар ояндаи дурахшони шогирд ҳиссаи устод нисбат ба падараш чанд маротиба боло меистад. Барҳақ гузаштагони фозили мо ҳаққи устодро аз падар бештар донистанд.Дар ин маврид шоир гуфтааст:
Ҳаққи устод аз падар беш аст,
В-аз падар устод дар пеш аст.
Аз қадим бузургони илму адаб ба устод эҳтироми хосса дошта, дар мавриди зарурат ба ин шахсияти беназир муроҷиат мекарданд. Адиби дурандешу донишманд Аҳмади Дониш дар сифати шинохти устод навиштааст: «Ҳаққи падар бузург аст ва ҳаққи устод бузургтар». Аз ин ҳама андешаҳои ҷолиб чунин бармеояд, ки муаллим, омӯзгор дар тарбияи маънавии инсон нақши муассир дошта, боиси эҳиром ва шаҳомат низ гаштааст.
Хушбахтона, дар мушкилтарин даврони рӯзгори мо омӯзгорон ҳамеша дар хидмати халқу Ватан қарор доштанд. Ҳарчанд ба шароити гарони зиндагӣ рӯ ба рӯ омадаанд, аммо, мардона дар бунёди манораи ақлҳо саҳми шоиста гузоштанд. Аз ин рӯ, эҳтироми устод вазифаи мукаддаси ҳар як инсон аст. Хулоса омӯзгор он шахсияти бузург ва нотакрорест, ки бо чароғи ақл олами фикрии моро равшан намуда, дунёи пурасрори илмро муаррифӣ мекунад.
Комрон Бобоев - Ходими калони илмии
шуъбаи илмӣ-таҳқиқотӣ, таълиму омӯзиш
ва хизматрасониҳои техникии
Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ