Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ,
радиатсионӣ ва ядроӣ
мақоми танзимгари давлатӣ

Корманди Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ бо мукофоти медали “Хизмати шоиста” сарфароз гардонида шуд

11.09.2024

Дар арафаи ҷашни Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ ба намояндагони касбу кори гуногуни шаҳри Бӯстон, ки давоми фаъолияти корӣ натиҷаҳои назаррас нишон додаанд, мукофот ва унвону ҷоизаҳои давлатӣ тақдим карда шуданд.

 


Дар ин рӯз бо бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сарфарозгардонии кормандони соҳаи илму фарҳанг, тандурустӣ, истеҳсоли мол ва хизматрасониҳо, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, дигар хизматчиёни давлатӣ ва соҳибкорон бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” барои саҳми арзанда дар рушди илму фарҳанги мамлакат, ҳифзи саломатии аҳолӣ ва дастовардҳои баланд Ҷумҳурии Тоҷикистон Холмурод Назаров – муовини директори Филиали Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар вилояти Суғд бо медали “Хизмати шоиста” сарфароз гардонида шуд.  

 


Ин мукофоти олии давлатиро намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари гуруҳи корӣ оид ба истиқлболи сазовори 33-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон, Маҳмадсаид Шоҳиён тақдим намуд.


Зимни маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз хизматҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастовардҳои даврони Истиқлолият ёдовар шуда, иброз доштанд, ки Пешвои миллат ба илм ва маориф таваҷҷуҳи хосса доранд ва аз ғамхориҳои пайвастаашон дар ин самт ҳамагон баҳраманд гардидаанд.