АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН
АГЕНТИИ АМНИЯТИ ХИМИЯВӢ, БИОЛОГӢ,
РАДИАТСИОНӢ ВА ЯДРОӢ
МАҚОМИ ТАНЗИМГАРИ ДАВЛАТӢ

АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

АГЕНТИИ АМНИЯТИ ХИМИЯВӢ, БИОЛОГӢ,

РАДИАТСИОНӢ ВА ЯДРОӢ

МАҚОМИ ТАНЗИМГАРИ ДАВЛАТӢ

Ҳимояи рисолаи номзадии Баҳронов Соҷидхон дар мавзуи: “Асосҳои технологии коркарди маводҳои уранӣ ва баҳодиҳии хавфи радиатсионии минтақаҳои Тоҷикистон”

11.09.2024

 

11 - уми сентябри соли 2024 дар маркази таълимӣ ва омӯзишии Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, корманди Агентӣ - Баҳронов Соҷидхон рисолаи номзадии худро зери унвони “Асосҳои технологии коркарди маводҳои уранӣ ва баҳодиҳии хавфи радиатсионии минтақаҳои Тоҷикистон”, таҳти роҳбарии доктори илмҳои техникӣ, профессор, Илҳом Мирсаидзода - директори Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои техникӣ аз рӯи ихтисоси 05.17.01 – «Технологияи моддаҳои ғайриорганикӣ» ва 03.02.08.04 - «Экология  ва соҳаи илмҳои техникӣ» бо муваффақият  ҳимоя намуд.

 

 

 

Рисолаи диссертатсионии  Баҳронов Соҷидхон фарогири мавзӯи муҳим буда, мақсади он, омӯзиши заминаҳои физикӣ, химиявӣ ва технологии коркарди маводҳои урандор ва арзёбии хатари радиатсионӣ ҳангоми коркарди маъданҳо ва партовҳои урандор, инчунин мониторинги радиатсионӣ дар минтақаҳои мухталифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазъияти радиатсионӣ ва таҳияи харитаи радиологӣ мебошад.

 

 

Навгониҳои илмии таҳқиқот низ қобили зикри хос аст, ки масалаҳои зеринро дар бар мегирад, аз ҷумла: 
 - асосҳои технологии коркарди маводҳои урандор таҳия карда шудаанд;
- арзёбии хатари радиатсионӣ ҳангоми коркарди маводҳои урандор ва хатари радонии баъзе минтақаҳои Тоҷикистон муайян гардидааст;
- муҳоҷирати радионуклидҳо дар муҳити зист омӯхта шудааст;
- таъсиррасонии дозаи афканишот ба аҳолӣ дар ҳудудҳои минтақаҳои хатарноки истиқомат омӯхта шудааст.

 

 

Аз ин рӯ, коркарди маводҳои дорои уран ва арзёбии хатари радиатсионӣ вазифаи таъхирнопазир мебошад. Зарурати гузаронидани тадқиқот оид ба коркарди маъданҳо ва партовҳои урандор аз ҳалли масъалаҳои муҳофизати муҳити зист бармеояд. 

 

 

Ҳайати кормандони Агентӣ Баҳронов Соҷидхонро барои бо муваффақиятона ҳимоя намудани рисолаи номзадӣ табрику таҳният намуда, дар фаъолияти минбаъдаи илмиаш барору комёбиҳоро таманно менамоянд.