АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН
АГЕНТИИ АМНИЯТИ ХИМИЯВӢ, БИОЛОГӢ,
РАДИАТСИОНӢ ВА ЯДРОӢ
МАҚОМИ ТАНЗИМГАРИ ДАВЛАТӢ

АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

АГЕНТИИ АМНИЯТИ ХИМИЯВӢ, БИОЛОГӢ,

РАДИАТСИОНӢ ВА ЯДРОӢ

МАҚОМИ ТАНЗИМГАРИ ДАВЛАТӢ

Маросими баимзорасонии Ёддошти ҳамкорӣ байни Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

06.09.2024


6-уми сентябри соли 2024, дар толори Агентии амнияти ХБРЯ-и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маросими ба имзорасонии Ёддошти ҳамкорӣ  байни Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон  «Дар бораи таъсиси Маркази миллии таълимӣ барои гузаштани зинаи магистратура дар соҳаи физикаи тиббӣ дар назди Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон баргузор гардид.

 

 

Ёддошти мазкур аз ҷониби муовини аввали Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон - Муҳсинзода Ғафур ва ноиби Президенти академияи миллии илмҳои Тоҷикистон доктори илмҳои техникӣ - Амонзода Илҳом имзо гардид. 
Ин Ёддошт дар доираи ташаббуси АБНА «Шӯълаи умед» омода гардидааст, ки ҳадафи он баланд бардоштани имкониятҳо ва захираҳои кишвар љињати мубориза бар зидди бемории саратон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардидааст.

 

Дар вохурӣ директори Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии АМИТ - Илҳом Мирсаидзода ва муовини аввали он - Матин Ахмедов иштирок намуда, ҳамкории дуҷониба байни Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академия миллии илмҳои Тоҷикистон ва Вазоратӣ тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳокима гардиданд.

 

 

Ҳамчунин ҳадафи дигари ин Ёддошт муайян кардани чаҳорчӯбаи ҳамкорӣ байни тарафҳо дар самти таъсис, сохтмон, таҷҳизондан, омодасозии кадрҳо ва таҳияи барномаҳои таълимӣ барои Маркази миллии таълимӣ мебошад. Маркази мазкур баҳри омодасозии мутахассисони баландихтисоси соҳаи физикаи тиббӣ нақши муњим бозида, хатмкунандагони он метавонанд дар марказҳои мухталифи саратоншиносии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намоянд.

Ёддошти имзошуда як қатор самтҳои ҳамкориро дар бар мегирад, аз ҷумла, ҳамкорӣ вобаста ба таъсис ва сохтмони Маркази миллии таълимӣ барои зинаи магистратура дар соҳаи физикаи тиббӣ, таъмини марказ бо технологияҳо ва захираҳои муосир, муайян кардан ва омодасозии кадрҳои босалоҳияти дорои қобилияти баланди роҳбарӣ ва идоракунии барномаҳои муштараки таълимӣ мебошад.
 

 

Ҳар ду ҷониб изҳори итминон намуданд, ки ин ҳамкорӣ як қадами муҳим дар таҳкими робитаҳои илмӣ байни Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷиҷиистон ва Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хоҳад шуд ва ба рушди технологияҳои инноватсионӣ ва баланд бардоштани малакаи касбии табибон дар соҳаи саратоншиносӣ мусоидат хоҳад кард.