АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН
АГЕНТИИ АМНИЯТИ ХИМИЯВӢ, БИОЛОГӢ,
РАДИАТСИОНӢ ВА ЯДРОӢ
МАҚОМИ ТАНЗИМГАРИ ДАВЛАТӢ
АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН
АГЕНТИИ АМНИЯТИ ХИМИЯВӢ, БИОЛОГӢ,
РАДИАТСИОНӢ ВА ЯДРОӢ
МАҚОМИ ТАНЗИМГАРИ ДАВЛАТӢ
05.09.2024
5-уми сентябри соли равон бахшида ба 33-юмин солгарди ҷашни Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳраки академӣ бо иштироки президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, раёсат ва олимони иститутҳои АМИТ бо шукургузори аз фазои сулҳу субот ва шиору овезаҳо, инчунин аксҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳпаймоии идона баргузор гардид.
Дар доираи роҳпаймоии идона, ҳамзамон дар саҳни бинои Маркази омӯзишии Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии АМИТ маҷлиси тантанавӣ идома ёфт.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ - Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт зимни ифтитоҳи чорабинӣ, тамоми олимони ҷавон ва ҳозиринро харамақдам гуфта, иштирокчиёнро ба муносибати ҷашни 33-юмин солгарди Истиқлоли давлатӣ табрику муборакбод намуда, аз саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушди давлатдорӣ ва таъмини Истиқлолият дар кишвар ёдовар шуд.
Зикр гардид, ки маҳз талош ва заҳматҳои шабонарӯзии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки халқи тоҷик бо ҳам муттаҳид гашта, ба дасовардҳои наззарас ноил бигардад. “Воқеан Истиқлолияти давлатӣ ба он мусоидат намуд, ки рушди босубот дар кишвар таъмин гардад, сатҳи некуаҳволии мардум беҳтар шавад ва натиҷаҳои бузург дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ба даст оварда шаванд” - иброз дошт, Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ - Қобилҷон Хушвахтзода.
Дар чорабинии мазкур аз тарафи Президенти АМИТ ва намояндагони дигар вазорату идораҳо ба як қатор кормандону олимон ифтихорномаву сипоснома тақдим карда шуд.
Аз ҷумла Илҳом Мирсаидзода –директори Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии АМИТ аз тарафи сардори Сарраёсати ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуди Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - генерал-майор Ҷамшед Камолзода бо медали “Ҳамкорӣ дар соҳаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ”, бахшида ба 33-юмин солгарди ҷашни Истиқлоли давлатӣ сарфароз гардонида шуд.
Ҳамзамон корманди Агентӣ Сайдуллозода Рисолат бо Ифтихорномаи АМИТ қадрдонӣ гардид.
Дар интиҳои чорабинӣ як зумра ҳунармандони шинохтаи кишвар бо сурудҳои таронащои дилнишини худ хотири иштирокчиён ва меҳмоноро болида гардониданд.