28.08.2024
29 августи соли ҷорӣ дар Маркази таълимӣ ва омӯзишии Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таҳти унвони “Мушкилоти таҳияи усулҳои синтези уран, торий ва коркарди маъдани боросиликат, ҳамчун мавод барои муҳофизат аз нейтронҳо” баргузор гардид.
Семинари илмӣ-амалӣ аз ҷониби шуъбаи илмӣ-таҳқиқоти ва хизматрасониҳои техникии Агентӣ дар ҳамкорӣ бо озмоишгоҳи коркарди ашёи хоми минералии Институти химияи ба В. И. Никитини АМИТ баргузор гардид.
Зикр гардид, ки баргузории чунин семинарҳои илмӣ имконияти хубест барои мубодилаи таҷриба ва дастовардҳои илмӣ бо мақсади анҷом додани таҳқиқотҳои илмӣ дар АМИТ, ки дар ин замина ба рушди ҷаҳонбинии олимони ҷавон такони ҷиддӣ мебахшад.
Дар ҷараёни семинари илмӣ масъалаҳои экспедитсия ба минтақаҳои ҷумҳурӣ ва омодасозии мавод барои нашрияҳо дар ин самт зарур шумурда шуд. Сипас, дар идомаи семинари илмӣ як қатор кормандони Агентӣ оид ба бехатарии маводҳои химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ, инчунин фаъолияти лабораторияи коркарди ашёи хоми минералӣ дар Институти химияи ба номи В.И.Никитини АМИТ баромад намуданд.
Ҳамзамон корҳои ченкунии радон дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, муайян кардани он дар манбаъҳои об, аз ҷумла обҳои минералӣ, таркиби радионуклидҳо дар металлҳои шикаста ва синтези пайвастагиҳои нави фаъол мавриди баррасии олимони соҳа қарор гирифт.
Дар доираи семинари илмӣ омодасозӣ ва нашри ду монографияи кормандони Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ муҳокима гардид.
Дар интиҳои чорабинӣ мубоҳисаҳои илмӣ сурат гирифта, иштирокчиён бо сулҳои худ посухҳои мушаххас гирифтанд.