Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ,
радиатсионӣ ва ядроӣ
мақоми танзимгари давлатӣ

Бегонашавии одоб ва расму ойини либоспӯшӣ – бегонашавии фарҳангист

28.08.2024


 

Либос маҷмӯи маҳсулотест, ки одамон барои пӯшонидани бадани худ мепӯшанд. Бояд қайд кард, ки намуди либос одатан ба ҷинси пӯшанда мувофиқат мекунад. Аз ин рӯ, аксар вақт шумо метавонед мард ё занро бо шакли либос муайян кунед. Мақсади либос дар умум, ин муҳофизат аз сармо, гармо, пӯшонидани бараҳнагӣ ва дар умум зебогии шахс мебошад. Вақте, ки сухан дар бораи либос меравад, дар зери мафҳуми он либоси миллӣ ҳамчун як рукни муҳими фарҳанги миллӣ дар назар дошта мешавад, ки бояд арзишмандии маънавии онро ҳифз кунад, то наслҳои оянда низ ба он арҷгузору меросбар бошанд.


Агар ба давраҳои гуногуни таърихӣ ва тарзи либоспӯшии муфассалтар назар кунем, мебинем, ки ҳар як давраи таърихӣ ба либос, шакл, мавод, ранг ва намунаи матоъ, услуби хоси худро доштааст. Дар фарҳанги маъмули имрӯза ҳамаи миллатҳо дори фарҳанг ва либоси миллии худ мебошанд, ки дар ин миён тоҷикон низ меросбари ин фарҳанг хоҳанд буд. Либоси миллӣ дар байни қавму миллатҳои гуногун яке аз рукнҳои асосие мебошад, ки тавассути он мансубияти миллию нажодию ва эътиқоди одамон инъикос мегарадад. Ҳамин аст, ки либоси миллӣ аз давраи пайдоши қабила, миллат ва давлатҳо вобаста ба тағирёбии иқлим, шароити иқтисодӣ, инкишофи илм ва пешрафти он ташаккул ёфта, ба насли имрӯза ҳамчун меросу анъанаи миллӣ ва фарҳангӣ дастрас гардидааст. 


Тавре Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни баромади худ ба муносибати “Рӯзи модарон” таъкид карданд: “Вақтҳои охир тамоюли бегонапарастӣ ва ба фарҳанги бегона майл намудани занону духтарони кишвар, ташвиқи либосҳои бегона дар баъзе шаҳру ноҳияҳои мамлакат низ ба як раванди ташвишовар табдил ёфтааст. Ҳисси бегонапарастӣ ва тақлидкорӣ дар мавриди сару либос ва рафтору гуфтор дар байни занону духтарон метавонад ба устувории рукнҳои фарҳанги миллӣ таъсири манфӣ расонад. Агар иддае ба хотири тақлид ба ин тарзи либоспӯшӣ завқ пайдо карда бошанд, баъзеҳо бо мақсади таблиғи ақидаҳои таҳмилӣ ин либосро миёни занону духтарони мо паҳн карда, мехоҳанд дар кишвар боз як ҷараёни нави ифротиро ҷорӣ намоянд”.

 

Воқеан, вақтҳои охир пайравӣ ба фарҳангӣ бегона, яъне тарзи либоспӯшии баъзе чавонон, ба хусус духтарон, боиси нигаронӣ ва таасуфовар аст, ки бо сатру ҳиҷоби ғайритоҷикӣ ва тақлид ба ғарб ба назар мерасад, ки боиси коста гардидани  фарҳанг ва тамаддуни хеш мегардад. Ин тарзи либоспӯшӣ аз чорчӯбаи ахлоқӣ  берун буда, ба тафаккури ҷавонон ва ахлоқу тарбияи онҳо таъсири манфӣ  мерасонад. Бегонашавии одоб ва расму ойини либоспӯшӣ – бегонашавии фарҳангист, ки истиқлоли фикрӣ, ҳувияти миллӣ ва фарҳанги миллиро зери суол мебарад.


Дар воқеъ, рафтори нохушоянд ва тақлид ба фарҳанги бегонаи як идда занону духтарон, агар аз як тараф, ба ноогоҳии онҳо аз анъанаҳои суннатии либоспӯшии гузаштагони мо далолат кунад, аз тарафи дигар, бемасъулиятии комил зоҳир намудани волидай дар интихоби либосро нишон медиҳад.Аз ин  ру,  пешниҳоди дастурамали либосҳои тавсиявӣ  барои духтарон ва занон, ки аз ҷониби Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хеле бамаврид, қобил қабул ва дастгирист. Амри зарури мешуморам, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ ин иқдом амалӣ гардад.
Боиси ифтихор аст, ки тоҷикон аз қадимулайём бофарҳанг, бомаданияту зебопараст  буданд, ки онҳо бо пӯшидани либосҳои миллии худ ҳам тамаддун ва ҳам фарҳанги миллати тоҷикро дар таърихи башарият маъруфу машҳур намудаанд. 
                                                                           

 

 Ғафуров Бобомурод
  – ходими илмии Филиали Агентии 
амнияти ХБРЯ-и АМИТ дар в.Хатлон