08.08.2024
8 августи соли равон дар Маркази таълимии Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии АМИТ бо иштироки васеъи ходимони илм аз Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ ва кормандони озмоишгоҳи коркарди комплексии маъдан ва партовҳои Институти химияи ба номи В. И. Никитини АМИТ таҳти унвони “Ҳифзи муҳити зист аз партовҳои маъдан”, маҳфили илмӣ - амалӣ баргузор гардид.
Маҳфили илмӣ - амалӣ таҳти роҳбарии академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон - Улмас Мирсаидов баргузор гардида, мавсуф дар ифтитоҳи ин чорабинӣ, оид ба нақши илм дар рушди ҷомеа ва ҳифзи муҳити зист суханронии пурмуҳтаво намуд. Ҳамзамон, академик Улмас Мирсаидов иброз дошт, ки барои омода намудани маводҳои илмӣ, зарур аст, ки таҷрибаҳои озмоиширо зиёд карда шавад ва дар ин замина донистани забонҳои русӣ ва англисиро барои кормандони илм талаби замон ва пешравии соҳа унвон намуданд. Таъкид гардид, ки дар шароити муосир, таваҷҷӯҳ ба илмҳои дақиқ бештар гардид, ки он имкон медиҳад соҳаҳои муҳими ҳаёт ба пешравиҳои назаррас дар соҳаи илм ноил бигарданд.
Дар чорабинии мазкур корманди Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ, Эшов Ҷӯрамурод дар мавзуи "Синтез, хосиятҳои термикӣ ва термодинамикии пайвастагиҳои торий уран” баромад намуда, мавзуи мазкурро дар назди ҳозирин бо далелҳои илмӣ шарҳу тавзеҳ дод.
Дар рафти маҳфили илмӣ ҳамчунин Ғафорзода С., корманди институти химия, дар мавзуи "Асосҳои физикию химиявии коркарди маъданҳои алюмосиликатии Тоҷикистон бо усулҳои кислотагӣ ва гудозиш”, маъруза намуда, мавзуи макурро дар назди иштирокчиён шарҳ дод.
Зикр гардид, ки яке аз масаъалаҳои муҳиме, ки 30 май дар мулоқоти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли илм ва маорифи кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифт, маҳз омода намудани мутахассисони ҷавон дар ҳамкорӣ бо устодон мебошад, ки дар робита ба ин байни ходимони илмии таҷрибадор ва мутахассисони ҷавон мактаби устоду шогирд ба роҳ монда шавад.
Дар интиҳои чорабини байни иштирокчиён мулоҳизаронӣ сурат гирифта, ҳозирин ба суолҳои худ посухҳои мушаххас гирифтанд.
Ёдовар мешавем, ки баргузории чунин маҳфилҳои илмӣ дар татбиқи амали намудани “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” нақши бориз хоҳад дошт.