02.08.2024
Дар тамоми давру замон либоси миллӣ ин нишони арҷгузорӣ ва эҳтиром доштан ба таъриху фарҳанг ва тамаддуни гузаштаи хеш мебошад. Давлатҳое ҳастанд, ки либосашон ягон нишонаи фарқкунандаи миллӣ надорад. Мояи ифтихор ва сарбаландии мо, тоҷикон аст, ки дорои таърихи чандинҳазорсола, нақшу нигори миллӣ ва тахаюли созандаю рангинамон дар либоси миллиамон инъикос ёфтааст. Дар ин раванд дарк ва омӯзиши фазилат ва ҳикмате, ки либоси миллии ҳар як халқу миллат дар худ таҷассум менамояд, василаи муҳими нигоҳдошти он ба ҳисоб меравад. Ҳар фарде, ки ба дараҷаи худшиносӣ расидааст, дарк мекунад, ки нигоҳ дошта тавонистани арзишҳои миллӣ ҳам қарз асту ҳам нанг.
Тавре шоҳид ҳастем, бо мақсади арҷ гузоштан ба фарҳанги миллӣ, тарғиби либоси миллӣ ва муосиргардонии он бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчун мақоми ваколатдор тӯли шаш сол мешавад, ки иқдоми ҷумҳуриявии тарғиботӣ — ташвиқотии «Тоҷикона мепӯшем» гузаронида мешавад. Иқдоми мазкур имрӯзҳо дар саросари мамлакат бо баргузории чорабиниҳои гуногун, ки инъикоскунандаи либоси миллиамон мебшад, идома дорад.
Гуфта мешавад, ки мақсад аз баргузор намудани иқдоми мазкур ин арҷ гузоштан ба фарҳанг ва либоси миллӣ, тарбия намудани ҳисси зебопарастӣ дар ниҳоди ҷавондухтарон, баланд бардоштани шавқу ҳаваси онҳо ба либоси миллӣ, ҳамчунин пешгирӣ намудан аз фарҳанги бегона арзёбӣ мегардад.
Яке аз ҳадафҳои дигари баргузор намудани иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем» ин ҷалб намудани тарроҳону чеварон ба муосиргардонии либоси миллӣ мебошад. Имрӯз, ки ҳифз ва нигоҳдошти либосӣ миллӣ яке аз масъалаҳои муҳим ба ҳисоб меравад, ба воситаи ин гуна чорабиниҳои дохиливу байналмилалӣ мо метавонем либоси миллиамонро муаррифӣ намоем. Мушоҳидаҳо дар рафти баргузории ин гуна чорабиниҳо нишон медиҳад, ки аксари тарроҳон ва чеварон аллакай дарк намудаанд, ки дар замони имрӯз либосҳои миллиро бо кадом тарҳ бояд пешниҳод кард. Онҳо либосҳоеро пешниҳоди омма мегардонанд, ки воқеан ҳам бо тарҳи муосир ва ҷавобгӯ ба хусусиятҳои хоси либоси миллии мардуми тоҷик аст.
Ёдовар мешавем, ки бо мақсади амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар асоси нақша — чорабиниҳои тасдиқгардида инчунин баргузор намудани иқдоми ҷумҳуриявии тарғиботӣ ташвиқотии «Тоҷикона мепӯшем», «Зан маҳзари покизагӣ» усули «Деҳа ба деҳа», «Маҳал ба маҳал» ва «Хона ба хона» ҷараён дорад. Дар доираи ин чорабиниҳо ба сокинон вазъи ҷомеаи ҷаҳонӣ, маданияти шаҳрнишинӣ, тозаву озода нигоҳ доштани маҳалли зист, дар як соати муайян партофтани партовҳо, сарфаю сариштакорона истифодаи қувваи барқ, ба роҳи дуруст монанди тарбияи фарзандон, иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», пешгирии зуроварӣ дар оила, падидаҳои номатлуб дар байни ҷавонон, аз қабили ҷинояткорӣ, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ, тарбияи ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ ва сафарбар намудани фарзандон ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷараён доранд.
Дар доираи чорабиниҳо мазкур чанде пеш бо дастгирии Президенти АМИТ-Қобилҷон Хушвахтзода, Бахши миллии «Хонуми ядроӣ»-и назди Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии АМИТ дар ҳамкори бо Шурои занони АМИТ аксияи фарҳангӣ таҳти унвони «Тоҷикона мепўшем» баргузор гардид. Аксияи мазкур бо иштироки зиёда аз 80 нафар занон-олимон аз ҷумла, аз Агентии амнияти ХБРЯ, Шурои занон ва дигар институтҳои АМИТ дар яке аз мавзеъҳои зебоманзари шаҳри Душанбе – Маҷмааи боғи Истиқлол баргузор гардид.
Дар охир ҳаминро бояд тазаккур дод, ки баргузор намудани чунин чорабиниҳо, вобаста ба арҷ гузоштан ба муқаддасотӣ миллӣ, ҳифз ва риоя намудани арзишҳои ниёгон, пешгирӣ намудани хурофот ва бегонапарастие, ки солҳои охир байни бархе аз занон роиҷ гардидааст, василаи хубе дар самти бедор намудани завқи занону бонувон, тарбия намудани насли наврас дар руҳияи худшиносиву ходогоҳӣ, ҳифзу нигоҳдошти арзишҳои миллӣ, ба хусус истиқлоли давлатӣ ва сякпорчагии меҳан нақши бузург мебозад.
Зайфиева Зарина - бахши хонуми ядроӣ