АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН
АГЕНТИИ АМНИЯТИ ХИМИЯВӢ, БИОЛОГӢ,
РАДИАТСИОНӢ ВА ЯДРОӢ
МАҚОМИ ТАНЗИМГАРИ ДАВЛАТӢ
АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН
АГЕНТИИ АМНИЯТИ ХИМИЯВӢ, БИОЛОГӢ,
РАДИАТСИОНӢ ВА ЯДРОӢ
МАҚОМИ ТАНЗИМГАРИ ДАВЛАТӢ
01.08.2024
33-сол муқаддам, яъне дар таърихи 9-уми сентябри соли 1991 Ҷумҳурии Тоҷикистон Истиқлолияти давлатии худро ба даст овард. Имрӯз, ягон давлати миллиро бе доштани Истиқлолият тасаввур кардан ғайриимкон аст. Истиқлолият барои мо имкони фароҳам овард, ки роҳи имрӯзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро ба суи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва соҳибихтиёр таъмин намоем. Истиқлолият барои мо рамзи олии Ватану ватандорӣ, бузургтарин дастоварди давлатсозию давлатдории миллӣ, азму иродаи қави ва барои расидан ба дастовардҳои бузурги сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ шароит фароҳам оварда, меъёрҳои ҷомеаи демократӣ ва шаҳрвандиро таҳким бахшид.
“Хотирнишон месозам, ки роҳи дар муддати беш аз се даҳсола тайкардаи мо пур аз шебу фарозҳо буда, мардуми шарифи Тоҷикистон тавонистанд истиқлоли давлатии худро аз фитнаву дасисаи бадхоҳони дохиливу хориҷии миллати тоҷик ва давлати тоҷикон содиқона ҳифз намоянд, ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ хотима бахшида, сулҳу субот ва ваҳдати миллиро дар кишвар барқарор созанд”, - ин матлабро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни Паёми шодбошӣ ба муносибати 32-солагии Истиқлоли давлатӣ баён доштанд ва илова намуданд, ки “Тоҷикон ҳамчун миллати куҳанбунёд тавонистанд, ки монеаву мушкилоти эҷодкардаи душманони худро бо азми қавӣ ва иттиҳоду сарҷамъӣ бартараф карда, дар рӯзҳои хеле душвору сарнавиштсоз зери парчами истиқлолу озодӣ муттаҳид гардида, давлати хешро ба рӯзҳои осудаву обод расонанд”. Истиқлолият барои халқи шарафманди тоҷик нишони барҷастаи пойдории давлат, бақои миллат, рамзи асолату ҳувият ва шарафу эътибори он дар ҷаҳони мутамаддин мебошад. Дар ин радиф ҳодисаҳои солҳои навадуми асри гузашта ва вазъи муракабу ташвишовари минақа ва ҷаҳон моро водор месозад, ки оид ба масъалаи таъмини амнияти миллӣ, ҳифзи Ваҳдати миллӣ ва якпорчагии Ватани азизамон - Тоҷикистони соҳибистиқлол ва ҳифзи дастовардҳои он андеша намоем.
Аз ин рӯ, таъкидҳои пайдарпайи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моро водор месозанд, ки дар ҳифзу нигоҳдошт ва таъмини Истиқлолу озодӣ дар кишвари худ камари ҳиммат бандем. Тавре, мушоҳида мегардад, дар даҳсолаи охир пешрафти босуръати илму техналогия ва раванди ҷаҳонишавӣ инсониятро ба муҳити комилан нав ворид намуда, боиси ташаккул ёфтани низоми фарогири равобити сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ ва иттилоотиву маънавӣ гардидааст. Дар чунин шароит, амиқ дарк намудани мақсад ва ҳадафҳои худ, таҳкими дастовардҳои таърихӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллии Ватани азизамон дар арсаи байналмилалӣ амри саривақтист. Ҳамин тариқ ҷои тазаккур аст, ки халқи тоҷик бо шарофати Истиқлолият ва Ваҳдати миллӣ таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастовардҳои назарраси сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ ноил гардида, имрӯз дар арсаи байналмилалӣ соҳибмақом ва дорои нуфуз баланд мебошад.
Имруз, Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ чун кишвари ташаббускор дар ҳалли масоили глобалӣ ва таъсиргузор дар танзими равандҳои сиёсии минтақа ва ҷаҳон мешиносанд. Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳон қадамҳои устувор гузошта, бо пешбурди сиёсати мантиқӣ ва пешниҳодҳои созандааш мавқеи худро мусаҳкам бахшид ва дар оянда низ бо қадамҳои устувортар дар паҳнои олам нақшофарӣ хоҳад кард. Ҳамин тариқ маром ва мақсади ҳар як фарди ҷомеа бояд таҳкими ваҳдати миллӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, масъалаи рушди ҷомеа, ноил гардидан ба ҳадафҳои стратегӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ, тарзи ҳаёти солим ва тарбияи насли наврас дар руҳияи инсондӯстӣ бояд бошад.
Олимҷон АЗИЗОВ - мудири шуъбаи муносибатҳои байналмилалӣ ва робита бо ҷомеаи Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ, номзади илмҳои техникӣ
Заробудин ШИРИНОВ - мутахассиси шуъбаи муносибатҳои байналмилалӣ ва робита бо ҷомеаи Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ