Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ,
радиатсионӣ ва ядроӣ
мақоми танзимгари давлатӣ

Маҳфили илмӣ дар Маркази омӯзишии Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ

31.07.2024

 

31-уми июли соли 2024 дар Маркази омӯзишии Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ бо иштироки академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон - Улмас Мирсаидов, ходимони илмии Агентӣ ва кормандони озмоишгоҳи коркарди комплексии маъдан ва партовҳои Институти химияи ба номи В. И. Никитини АМИТ, маҳфили илмӣ баргузор гардид. 

 

 

Дар раванди маҳфил, ходими илмии Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ  - Эшов Ҷурамурод дар мавзӯи «Синтез, хосиятҳои термикӣ ва термодинамикии пайвастагиҳои торий-урандор» ва ходими илмии Институти химияи ба номи В. И. Никитини АМИТ – Давлатов Абдураҳмон дар мавзӯи «Асосҳои технологии ба даст овардани маҳсулотҳои аз маъдани боросиликатии кони Ак-Архари Ҷумҳурии Тоҷикистон» баромад намуда, ҳамзамон мавзӯи омода намудани рисолаи номзадии онҳо баррасӣ гардид. Аз рӯи баромади номзадҳо байни иштирокчиёни маҳфил, саволу ҷавобҳо баргузор гардид ва пешниҳод гардид, ки рисолаи номзадии онҳо такмил дода шавад. 

 

 

Ҳамзамон, академик Улмас Мирсаидов қайд намуданд, ки барои омода намудани маводҳои илмӣ, таҷрибаҳои озмоиширо зиёд намудан зарур аст ва донистани забони русӣ ва англисӣ барои кормандони илм талаби замон аст, зеро қисми зиёди адабиётҳои соҳавӣ бо забонҳои хориҷӣ ба нашр мерасанд. 

 

Дар хотима илова карда шуд, ки байни ходимони илмии таҷрибадор ва мутахассисони ҷавон мактаби устоду шогирдӣ ба роҳ монда шавад.