АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН
АГЕНТИИ АМНИЯТИ ХИМИЯВӢ, БИОЛОГӢ,
РАДИАТСИОНӢ ВА ЯДРОӢ
МАҚОМИ ТАНЗИМГАРИ ДАВЛАТӢ
АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН
АГЕНТИИ АМНИЯТИ ХИМИЯВӢ, БИОЛОГӢ,
РАДИАТСИОНӢ ВА ЯДРОӢ
МАҚОМИ ТАНЗИМГАРИ ДАВЛАТӢ
12.07.2024
Дар доираи фаъолияти илмӣ-таҳқиқотии Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ, ки мониторинги радиатсионии тамому шаҳр ва ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бар мегирад, санаи аз 8 то 12 июли соли равон дар шаҳри Панҷакент ва ҳудудҳои атрофи он таҳти роҳбарии академик Улмас Мирсаидов ҷамъоварии намунаҳои хок, об ва хаво сурат гирифт.
Бояд тазаккур дод, ки мақсади асосии экспедитсияи мазкур омӯзиши ҳолати радиатсионии дараи Шинг дар ноҳияи Пенҷикент, ки мавзеи "Ҳафт кӯл" низ дар ҳаминҷо ҷойгир аст, ба ҳисоб меравад. Инчунин, дар ҷараени экспедитсияи илмӣ заминаи радиатсионӣ дар бештар аз 30 км саҳро муайян карда шуда, 15 намунаи об, хок ва қабатҳои қаъри кӯлҳо гирифта шуданд.
Илова бар ин, дар даромадгоҳи экспедитсияи илмӣ арзёбии радиатсионии қадимтарин шаҳраки Саразм гузаронида шуд, ки он таърихи зиёда аз 5500 сола дорад. Дар ҷараёни ин сафари илмӣ ҳамчунин аз макони таърихӣ барои таҳқиқоти минбаъда намунаҳо гирифта шуданд. Аз рӯи натиҷаҳои экспедитсияи илмӣ харитаи радиатсионии минтақаи таҳқиқшаванда тартиб дода мешавад. Тибқи нақша чорабиниҳо гузаронидани мониторинги радиатсионӣ дар дигар минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми сол дар назар аст.