23.05.2024
Ҳамаи шуморо, ки умеду ояндаи давлат ва халқи Тоҷикистон мебошед, ба ифтихори Рӯзи ҷавонон, ки ҳар сол дар Тоҷикистон ҳамчун ҷашни насли ояндасоз таҷлил мегардад, самимона табрик менамоям. Ин нуқтаро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни пешниҳоди Паёми шодбошӣ ба муносибати "Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон" баён намуданд. «Бо назардошти ҳамаи хизматҳое, ки шумо – фарзандони азиз – барои Ватан ва давлати соҳибистиқлоли худ анҷом дода истодаед, ба ҳар яки шумо муроҷиат мекунам, ки аз давлати соҳибистиқлол, Ватани соҳибихтиёр ва аз тоҷик будани худ ҳамеша ифтихор дошта бошед, зеро гузаштагони некноми мо дар рушди фарҳангу тамаддуни башарият саҳми бузург гузоштаанд. Шумо, ҷавонони азиз, бояд роҳи гузаштагони пурифтихорамонро бо омӯзиш ва аз худ кардани илмҳои замона идома дода, барои пешрафти Ватани аҷдодӣ талош варзед, зеро шумо меросбарони суннату анъанаҳои чандинҳазорсолаи халқамон ва давомдиҳандагони корномаи садҳо ва ҳазорҳо фарзандони фарзонаву фидокори он ҳастед»,- изҳор доштанд Сарвари давалат.
Воқеан имрӯз, қишри асосии аҳолии Тоҷикистони соҳибистиқлолро ҷавонон ташкил медиҳад, ки саҳми онҳо дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа бараъло эҳсос мегардад. Аз ин рӯ, Ҳукумати мамлакат таҳти роҳбари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷавонон хусусан ба марому манзалати онҳо дар ҷомеа ва корҳои созандагиву бунёдкорӣ ҳамчун нерӯи фаъолу қувваи асоссии бунёдкорони фардои дурахшони кишвар таваҷҷӯҳи ҷиддӣ зоҳир меамоянд.
Акс: шуъбаи муносибатҳои байналмилалӣ ва робита бо ҷомеаи Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ
Пешвои миллат ҳамеша таъкид менамоянд, ки бо дастгириву ғамхорӣ фаро гирифтани ҷавонон, ҳаллу фасли мушкилоти онҳо ва истифодаи дурусту оқилона аз ин захираи стратегии миллӣ ба хотири ободиву пешрафти Ватан ва таъмини амнияту суботи ҷомеа аз ҷумлаи масъалаҳое муҳимтарине мебошанд, ки таҳти таваҷҷӯҳи хосаи Ҳукумати мамлакат қарор доранд, зеро Тоҷикистон кишвари ҷавонон аст. Тоҷикистонро кишвари ҷавонон ном бурдани Сарвари давлат ифодагари он аст, ки Пешвои миллат ба қувва ва иродаи ҷавонон итминони комил доранд ва хоҳони он ҳастанд, ки насли наврасу ҷавони кишвар ин рисолати худро сарбаландона иҷро намуда, дар пайи омӯзишу таҳқиқ бошанд.
Тавре, қайд менамоянд, ҷавонон идомадиҳандаи таъриху фарҳанги қадимаи Ватани худ, сарчашмаи ташаббусҳои бузург, манбаи ғояҳои нав ва эҷодкори тақдири имрӯзу ояндаи Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошанд.
Дар амал татбиқ намудан ва даст ёфтан ба дастовардҳои бесобиқаи илми замони муосирро бояд насли созандаи Ватан ҳамаҷониба омузанд ва ё дарк намоянд. Дар ин радиф ҷавонони саодатманди тоҷик аз ин дар канор набуда, барои расидан ба муваффақиятҳои хубтару беҳтар ҳамеша талош менамоянд.
Акс: шуъбаи муносибатҳои байналмилалӣ ва робита бо ҷомеаи Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ
Давра ба давра бобати дастгирии иҷтимоии ҷавонон, ҷалби онҳо ба корҳои манфиатбахш, таъмини ҷавонон бо ҷойхои кори мувофиқ, фароҳам овардани шароит барои ташаккули фарҳанги сиёсию маърифати ҳуқуқии онҳо, дастгирии соҳибистеъдодҳо ва дар маҷмуъ барои иштироку фаъолияти ҷавонон дар ҳаёти сиёсиву иқтисодии мамлакат имрӯз тамоми шароит фароҳам ва тадбирҳои зарури роҳандозӣ гардидааст.
Дар ҷавоб ба ғамхорӣ ва дастгириҳои Ҳукумати мамлакат Асотссиатсияи ҷавонони ба намои “Атом”, ки дар назди Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии АМИТ фаъолият менамояд, баҳри дар амал татбиқ намудани сиёсати созанда ва бунёдкоронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба омӯзиш ва таҳқиқ машғул буда, бо ташабусҳои созанда баҳри рушди давлат ва ҷомеа, ҷалби ҷавонон ва наврасон ба илмомӯзӣ дар амалисозии “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” барои солҳои 2020 -2040 саҳми хешро мегузоранд.
Олимҷон АЗИЗОВ - мудири шуъбаи муносибатҳои байналмилалӣ ва робита бо ҷомеаи Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ, номзади илмҳои техникӣ
Баҳронов Соҷидхон – мудири шуъбаи таҳияи санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ, иҷозатномадиҳӣ ва чораҳои муҷбурсозии Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ
Заробудин ШИРИНОВ - мутахассиси шуъбаи муносибатҳои байналмилалӣ ва робита бо ҷомеаи Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ