Иштирок дар Конфронси байналмилалии амнияти ҳаставӣ (ICONS-2024)
Ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух Шарифзода дар Конфронси байналмилалии амнияти ҳастаӣ (ICONS-2024), ки аз ҷониби Агентии байналмилалии нерӯи атомӣ (АБНА) санаи 20-24 майи соли 2024 дар шаҳри Венаи Ҷумҳурии Австрия ташкил шудааст, иштирок намуд.
Фаррух Шарифзода дар бораи сатҳи таъмини амнияти ҳастаӣ дар кишвар, иқдомҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин самт, инчунин ҳамкориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шарикони рушд маълумоти муфассал дод.
Дар ҳошияи Конфронс, профессор Илҳом Мирсаидзода – директори Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аз талошҳои густурдаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таҳкими амнияти ҳастаӣ, аз ҷумла арзёбии ҳамаҷонибаи эҳтиёҷоти миллӣ, ҷалби ниҳодҳои мухталифи давлатӣ ва таҷдиди қобили мулоҳиза дар заминаи қонунгузорӣ таъкид намуд. Номбурда дар бораи насби таҷҳизоти пешрафтаи муаянкунандаи гардиши ғайриқонунии маводҳои ядроӣ ва радиоактивӣ дар нуқтаҳои муҳими сарҳадӣ, фурудгоҳҳои байналмилалӣ ва нақши муҳими ҳамкориҳои байналмилалӣ дар ин беҳбудиҳо муфассал маълумот пешниҳод намуд. Илова бар ин, оид ба таъсиси Маркази минтақавии таълим ва омӯзишии Тоҷикистон барои омода намудани мутахассисон дар самти амнияти ҳастаӣ ва радиатсионӣ қайд намуд. Муаррифии профессор Илҳом Мирсаидзода аз иқдомоти муҳиме, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмини инфрасохтори мустаҳками амнияти ҳастаӣ ва эҷоди тавонмандӣ андешида истодааст, иброз намуд.
Дар хотима бояд қайд намуд, ки Конфронси байналмилалии амнияти ҳаставӣ (ICONS-2024) як рӯйдоди муҳим дар соҳаи амнияти ҳастаӣ буда, намояндагони беш аз 178 кишвари узви АБНА дар он иштирок намуда ва замина ба рушди истифодаи осоиштаи энергияи ҳастаӣ ва таҳкими амнияти ҷисмонӣ дар иншооти ҳастаиро мегузорад.
Маълумоти бештар оид ба чорабинӣ дар сомонаи АБНА пайдо хоҳед намуд: https://www.iaea.org/events/icons2024