АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН
АГЕНТИИ АМНИЯТИ ХИМИЯВӢ, БИОЛОГӢ,
РАДИАТСИОНӢ ВА ЯДРОӢ
МАҚОМИ ТАНЗИМГАРИ ДАВЛАТӢ
АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН
АГЕНТИИ АМНИЯТИ ХИМИЯВӢ, БИОЛОГӢ,
РАДИАТСИОНӢ ВА ЯДРОӢ
МАҚОМИ ТАНЗИМГАРИ ДАВЛАТӢ
15.05.2024
Дар доираи чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи байалмилалии оила, ки ҳамасола 15 майи таҷлил мегардад бо дастгирии Президенти АМИТ-Қобилҷон Хушвахтзода ва ташаббуси Бахши миллии «Хонуми ядроӣ»-и назди Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии АМИТ дар ҳамкори бо Шурои занони АМИТ аксияи фарҳангӣ таҳти унвони «Тоҷикона мепўшем» баргузор гардид.
Аксияи мазкур бо иштироки зиёда аз 80 нафар занон-олимон аз ҷумла, аз Агентии амнияти ХБРЯ, Шурои занон ва дигар институтҳои АМИТ дар яке аз мавзеъҳои зебоманзари шаҳри Душанбе – Маҷмааи боғи Истиқлол баргузор гардид. Ҳадафи ин иқдом тарғибу ташвиқи либосу анъанаҳои миллӣ миёни ҷавонон, таҳкими ҳувияти миллӣ ва арҷгузори ба фарҳанги ниёгон мебошад.
Акс: Бахши миллии «Хонуми ядроӣ»
Занон-олимон ба аксия бо либосҳои миллӣ аз қабили атласу адрас, чакан ва минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ омаданд, ки баёнгари таъриху тамаддуни гузаштаи халқи хеш мебошад.
Либоси миллии тоҷикӣ, ҷҷузъи муҳими мероси фарҳанги ҷаҳон буда, таърихи бой, анъана ва ҳувияти мардуми тоҷикро инъикос мекунад, ки бо шакл, ранг ва ороишҳои гуногун вобаста ба минтақаҳо фарқ мекунад. Илова бар ин либоси миллӣ наслҳоро ба ҳам мепайвандад.
Тавре мушоҳида мегардад, вақтҳои охир таваҷҷӯҳ ба либоси миллӣ миёни ҷавонон аз нав эҳё шуда, тарроҳон унсурҳои анъанавиро дар либоси муосир ворид намуда, либосҳои нотакрору услубӣ меофаранд, ки на танҳо дар Тоҷикистон, балки берун аз кишвар маъмуланд.
Акс: Бахши миллии «Хонуми ядроӣ»
Қобили зикр аст, ки Шурои занони АМИТ ва Бахши миллии «Хонуми ядроӣ» дар аксияи «Тоҷикона мепўшем» фаъолона ширкат варзида, онро василаи муҳимтарини тарбия байни ҷавонон медонад, зеро боварии комил дорад, ки намунаи ибрати ҷавонон ва тадбири муассиртарин дар тарғиби арзишҳои миллӣ, таҳкими ҳувияти миллӣ ва ҳифзи фарҳанг мебошад», - қайд кард Муҳиба Маҳмадҷонова, сарходими илмии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баховаддинови АМИТ, доктори илмҳои фалсафа, профессор, раиси Шурои занони АМИТ дар мусоҳиба ба шабакаи телевизиони «Тоҷикистон».
Ҳамчунин зимни баргузории аксияи «Тоҷикона мепӯшем» занон-олимони АМИТ таъкид намуданд, ки барои боз ҳам бештар муаррифии анъанаҳои миллӣ, фарҳанги либоспӯшӣ ва ҳифзи арзишҳои миллӣ, ҷалби ҷавонон ба илмомӯзӣ ва пешгирии онҳо аз гурӯҳҳои ифротӣ кӯшиш ба харҷ дода, баҳри ҳифзи Истиқлоли давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ саҳм мегузоранд.
Бо ин ташаббус занон-олимони Тоҷикистон беҳтарин намунаҳои либосу заргарии миллии мардуми тоҷикро муаррифӣ намуда, ба фарҳанги нотакрори шарқ арҷ мегузоранд», - қайд кард Миҷгона Шарофова, доктори илмҳои тиб, ноиби роҳбари Бахши миллии «Хонуми ядроӣ» дар мусохиба ба телевизиони «Ҷаҳоннамо».
Акс: Бахши миллии «Хонуми ядроӣ»
Ёдовар мешавем, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба оила таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардида, барои устувории он тадбирҳои зиёд андешида шудаанд. Аз ҷумла, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2015-ро Соли оила эълон намуда, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №801 аз 30 декабри соли 2015, “Консепсияи рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” низ тасдиқ гардид.
Акс: Бахши миллии «Хонуми ядроӣ»