Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ,
радиатсионӣ ва ядроӣ
мақоми танзимгари давлатӣ

Корҳои созандагию ободкорӣ дар Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ

08.05.2024


Дар пайравӣ аз иқдомҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Қарори раиси шаҳри Душанбе дар бораи эълон гардидани соли 2024 “Соли маърифати экологӣ” дар шаҳри Душанбе, таҳти №114 аз 27 феврали соли 2024 дар Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии АМИТ корҳои созандагию бунёдкорӣ ва ободонӣ вусъат ёфта истодааст.

 

 

Кормандони Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ  бо як масъулияти баланди шаҳрвандӣ ва шаҳрнишинӣ саҳни ҳавлӣ, гирду атрофи биноҳои маъмурӣ ва ҷӯйборҳои маркази таълимӣ ва озмоишгоҳи Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ-ро аз ҳар гуна партовҳои ифлос тоза намуданд.

 

 

Баргузории ҳашарҳои дастаҷамона ва шанбегиҳо идома ёфта, кормандони Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ бо ин роҳ саҳми арзандаи хешро дар тозаву озода намудани муҳити табиат, ободӣ ва гулгун шукуфоии пойтахти азизамон шаҳри Душанбе саҳм мегузоранд.

 

 

Бояд қайд намуд, ки иқдомҳои ободкориву созандагии роҳбарияти давлату Ҳукумат, роҳбарияти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ ба таври саривақтӣ мавриди иҷроиш қарор дода мешаванд, ки аз садоқату муҳаббат ва ҳисси баланди масъулиятшиносии кормандони ин ниҳод шаҳодат медиҳад.