05.06.2024
Системаи байналмилалии иттилооти ҳастаӣ (International Nuclear Information System - INIS) яке аз бузургтарин маҷмӯаҳои нашрияҳои ҷаҳонро дар бораи истифодаи осоиштаи илм ва технологияи ҳастаӣ дар бар мегирад. Системаи байналмилалии иттилооти ҳастаӣ (СБИҲ) як манбаи беназир ва арзишмандест, ки ба Шумо имкон медиҳад, ки ба маълумоти ҳастаӣ аз тамоми ҷаҳон дастрасӣ пайдо намоед.
Макони нигоҳдории СБИҲ сабтҳои библиографӣ ва ҳуҷҷатҳои пурраи матнро дар бар мегирад, ки тавассути каналҳои анъанавии нашриёти тиҷоратӣ ва тавассути манбаъҳои ғайритиҷоратӣ, аз ҷумла ҳисоботи илмӣ-техникӣ, маводи конфронсҳо, маълумот дар бораи патентҳо ва диссертатсияҳо нашр шудаанд.
Системаи номбурда тамоми соҳаҳои фаъолияти Агентии байналмилалии нерӯи ҳастаӣ (АБНА), аз ҷумла техника ва технологияҳои ҳастаӣ, бехатарии радиатсионӣ, кафолатҳо ва паҳношавӣ, истифодаи усулҳои ҳастаӣ ва изотопӣ, физикаи ҳастаӣ, химияи ҳастаӣ ва радиатсионӣ, истифодаи технологияҳои ҳастаӣ дар илм, ҷанбаҳои ҳуқуқӣ, ҷанбаҳои экологӣ ва иқтисодии манбаъҳои энергияи ҳастаӣ ва ғайриҳастаӣро дар бар мегирад.
Системаи мазкур истилоҳи бисёрзабона буда, дар он забонҳои англисӣ, арабӣ, испанӣ, чинӣ, олмонӣ, русӣ, фаронсавӣ ва ҷопонӣ дастрас аст ва тарҷумаҳои ҳазорҳо истилоҳҳои техникиро пешниҳод мекунад, ки дар паймоиш ва ҷустуҷӯи нигоҳдорӣ кӯмак мекунанд.
Системаи байналмилалии иттилооти ҳастаӣ соли 1970 тибқи мандати Агентии байналмилалии нерӯи атомӣ (АБНА) таъсис ёфтааст, ки зарурати «мусоидат ба мубодилаи маълумоти илмӣ ва техникӣ дар бораи истифодаи нерӯи ҳастаӣ бо мақсадҳои осоишта» - ро пешбинӣ мекунад. Система аз ҷониби АБНА дар ҳамкорӣ бо зиёда аз 130 давлати дунё идора карда мешавад.
Илова бар ин, Агентии байналмилалии нерӯи атомӣ (АБНА) дар доираи ҳамкории техникӣ ба давлатҳо дар эҷод ва афзоиши иқтидор дар соҳаи иттилооти ҳастаӣ, аз ҷумла тавассути расонидани кӯмаки техникӣ ба онҳо дар раванди сохтани махзани рақамии худ кӯмак мерасонад.
Соли 2003, аввалинбор системаи байналмилалии иттилооти ҳастаӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мусоидати Агентии байналмилалии нерӯи атомӣ таъсис дода шуд, ки он имконияти пешниҳод кардани хизматрасониҳои иттилоотро доир ба ҳама ҷанбаҳои истифодаи осоиштаи неруи атом бо мақсади дастгирии барномаҳои миллии ядроӣ дар бар мегирад. Ҳадаф аз таъсиси ин марказ аз он иборат аст, ки хидматҳои дахлдори иттилоотиро дар ҳама масъалаҳои истифодаи осоиштаи илм ва технологияи ҳастаӣ ба ходимони илм дастрас намояд ва ҳамзамон мақолаҳои илмии онҳоро дар ин самт ворид намоянд.
Айни замон, системаи байналмилалии иттлооти ҳастаӣ (СБИҲ) зери назорати Котиботи СБИҲ-и АБНА қарор дошта ва вазифаҳои зеринро иҷро менамояд:
- интихоби адабиёти дахлдор, ки дар самти бехатарии радиатсионӣ ва ядроӣ;
- воридоти мақола, адабиёт ва дигар маълумоти дар самти бехатарии радиатсионӣ ва ядроӣ ва пешниҳоди онҳо ба АБНА
- ҷамъоварӣ, гурӯҳбандӣ ва ворид намудани адабиёт ва маълумотҳои зиёд дар самти бехатарии радиатсионӣ ва ядроӣ;
- пешниҳоди матнҳои пурраи адабиёт дар сурати набудани маҳдудиятҳои ҳуқуқӣ ва низомнокии онҳо аз ҷониби муаллиф;
- пешниҳод ва тавсияҳо ба Котиботи Системаи байналмилалии иттилооти ҳастаӣ оид ба фаъолият ва рушди ин низом;
- пешниҳоди маълумотҳо дар самти бехатарии радиатсионӣ ва ядроӣ барои истифодабарандагон (олимон, аспирантон, донишҷӯён ва ғайра);
- амалӣ намудани фаъолияти таълимию тағриботӣ;
- иштирок дар таҳқиқот ва таҳлилҳои маводҳои воридшуда ва машварати онҳо ва ғайра.
Қайд намудан ба маврид аст, ки аз рӯзи таъсиси маркази миллии Системаи байналмилалии иттилооти ҳастаии Тоҷикистон то имрӯз зиёда аз 8000 мавод воридот гардидааст, ки ба онҳо монографияҳо, мақолаҳои конфронси миллӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ, аз ҷумла рефератҳо, патентҳо ва дигар маълумотҳо дар самти бехатарии радиатсионӣ ва ядроӣ ворид гардидааст.
https://inis.iaea.org/search/default.aspx
Тавре, Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар ҷаласаи якуми Шӯрои илм, маориф ва инноватсияи назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 15-уми апрели соли 2021 баргузор гардид, иброз доштанд: “Машғул шудан ба фаъолияти инноватсионӣ ва ба вуҷуд овардани маҳсулоти инноватсионӣ яке аз омилҳое мебошад, ки ба пайванди илм бо истеҳсолот мусоидат карда метавонад. Натиҷаи чунин фаъолият ба вуҷуд омадани донишҳои нави илмӣ ва амалисозии минбаъдаи онҳо дар технологияҳои нав ё маҳсулоти нави тавассути ин технологияҳо истеҳсолшуда мебошад. Навъҳои муосири технология ва маҳсулот навовариҳое мебошанд, ки самараи иҷтимоиву иқтисодиро танҳо баъди татбиқи амалӣ, яъне дастрас гардидан ба истеъмолкунанда таъмин менамоянд”.
Аз ҷумла дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти инноватсионӣ», «Стратегияи рушди инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2020» ва «Барномаи рушди инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011 – 2020» асосҳои ҳуқуқии фаъолияти инноватсионӣ муҳайё гардидаанд.
Имрӯз олимони соҳаҳои физика, химия, маводшиносӣ, биология ва дигар бахшҳои илмҳои табиӣ, дақиқ ва техникӣ дар доираи татбиқи «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» ба таҳияву татбиқи лоиҳаҳои инноватсионӣ машғул мебошанд.
Чуноне, ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид ва шиносоӣ аз Филиали Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ дар вилояти Суғд, ки моҳи августи соли 2022 сурат гирифт иброз доштанд: “Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи илмҳои Тоҷикистон ҳамчун мақоми танзимгари давлатӣ дар таъмини бехатарии ядроӣ, радиатсионӣ ва ҳамоҳангози амнияти химиявӣ ва биологӣ нақши муҳим дорад”. Дар ин раванд, кормандони Агентӣ сиёсати пешгирифтаи роҳбари давлатро ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, фаъолият ва масъулияти хуро дар соҳаи номбурда дуруст дарк менамоянд ва кушиш ба харҷ медиҳанд, ки бо истифода аз корҳои илмию-таҳқиқотӣ ва эҷоди чунин Системаҳои иттилоотӣ Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намоянд.
Илҳом Мирсаидзода, профессор, д.и.т,. директори
Агентии амнияти химиявӣ,
биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии АМИТ
Зарина Сайфиева, директори
Маркази минтақавии таълимӣ ва омӯзишии
Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ
Олимҷон Азизов, н.и.т., мудири
шуъбаи, амнияти иттилоотӣ, муносибатҳои байналмилалӣ
ва робита бо ҷомеаи ХБРЯ-и АМИТ