06.05.2024
6 майи соли 2024 тибқи дастуру супоришҳои Раиси КИИ “Хирадмандон”-и ҲХДТ дар АМИТ профессор Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ва нақшаи чорабиниҳои ташкилоти ибтидоии “Афканишот” – КИИ “Хирадмандон” -и ҲХДТ бо иштироки муовини КИИ “Хирадмандон” ҲХДТ дар АМИТ - Қурбонова Ширин хониши сиёсӣ бахшида ба ҳафтаи поси хотироти иштирокчиёни Ҷанги Бузургӣ Ватанӣ дар толори Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии АМИТ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ, аз ҷониби муовини КИИ “Хирадмандон” ҲХДТ дар АМИТ - Қурбонова Ширин ва муовини аввали директори Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ – Ахмедов Матин оид ба таърих, моҳият ва ҷоннисориҳои қаҳрамонони тоҷик дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ироа гардид.
Қайд намудан ба маврди аст, ки Тоҷикистон ҳанӯз аз оғози ҷанг дар баробарӣ фиристодани зиёда аз 300 ҳазор сарбозони далеру шуҷоъ ба фронт, инчунин бо таъмин намудани артиши Шӯравӣ ба либосу хӯрока барои пирӯз омадан дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ нақши бузург гузоштааст. "Мо имрӯз ва минбаъд низ бо ифтихор хотирнишон мекунем, ки барои таъмини ғалабаи таърихӣ дар баробари ҳамаи халқҳое, ки бар зидди истибдоди фашистӣ мубориза бурдаанд, ҷавонмардони бонангу номуси Тоҷикистон низ саҳми сазовор гузоштаанд" зикр намуда буданд, Пешвои муаззами миллат дар яке баромади худ бахшида “Рӯзи ғалаба”.
Дар раванди ин чорабинӣ ба Баротов Бахтиёр – муовини директори Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ барои ишғоли ҷои аввал дар озмуни ҷумҳуриявии “Илм фуруғи маърифат” ифтихорнома ва тӯҳафаи хотиравӣ сарфароз гардонида шуд.
Дар хотима аз ҷониби роҳбарият ва кормандони Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии АМИТ ба муовини КИИ “Хирадмандон” ҲХДТ - Қурбонова Ширин минадорӣ баён гардида ва қайд карда шуд, ки ватеранҳои Ҷанги Бузургӣ Ватанӣ ҳама сола дар арафаи ҷашну маросимҳо аз ҷониби Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ қадрдонӣ мегарданд.