Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ,
радиатсионӣ ва ядроӣ
мақоми танзимгари давлатӣ

Ташкили шанбегии дастаҷамъона дар маркази таълимии Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ

04.05.2024

Дар партави дастуру ҳидоятҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иқдомҳои бунёдкоронаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ кишвари азизамон, ба хусус пойтахти мамлакат шаҳри Душанбе рӯз то рӯз сабзу хуррам гашта, ба яке аз беҳтарин давлатҳои аз ҷиҳати экологӣ тоза мубаддал гардидааст.

 

 

Бо мақсади тозаю озода нигоҳ доштани  муҳити зист, гирду атрофи биноҳои маъмурӣ ва гулгашту роҳравҳо  санаи 4-уми майи соли равон дар маркази таълимии Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва  ядроии АМИТ, шанбегии  дастаҷамъона доир гардид.

 

Зимни баргузории шанбегии дастаҷамъона, ки бо иштироки ҳамаи кормандон доир гардид, гирду атрофи биноҳои корӣ ва роҳравҳо, инчунин  назди бинои маъмурии Маркази таълимӣ аз ҳар гуна партовҳо тозаю озода гардид.  

 

Мариди зикр аст, ки иқдомҳои ободкориву созандагии роҳбарияти давлату Ҳукумат ва АМИТ зери роҳбарии Илҳом Мирсаидзода - директори Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ ба таври саривақтӣ мавриди иҷроиш қарор дода мешаванд, ки аз садоқату муҳаббат ва ҳисси баланди масъулиятшиносии кормандони ин ниҳод шаҳодат медиҳад.