03.05.2024
Баррасии масъалаҳои таъмини амнияти химиявӣ, биологӣ ва радиатсионӣ, ҳифзи аҳолӣ ва корҳои солимгардонӣ дар минатақаҳои партоҳои уран аз мавзуъҳое буданд, ки дар меҳвари мулоқоти роҳбарияти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо муовини директори генералии Корпоратсияи давлатии Россия «Росатом» Николай Николаевич қарор гирифт. Дар рафти мулоқот, ки бо иштироки Қобилҷон Хушвахтзода - Президенти АМИТ, Илҳом Мирсаидзода – Директори Агентии амнияти ХБРЯ дигар намояндагон аз ҳарду ҷониб, ки 3-юми майи соли равон сурат гирифт дар робита ба ҳамкориҳои дуҷониба ва дар низоми сифатан нав ба роҳ мондани созишномаҳо изҳори миннатидорӣ карда шуд.
Зикр гардид, ки саҳми Корпоратсияи давлатии Россия «Росатом» дар таъмини бехатарии радиатсионӣ, назаррас мебошад. Бояд тазаккур дод, ки соли 2023 маҳз бо мусоидати Корпоратсияи давлатии Россия «Росатом» дар минтақаҳои ш.Истиқлол ва Табошари вилояти суғд корҳои корҳои солимгардони анҷом дода шуданд.
Таъкид шуд, ки байни муассисаҳои илмии ду давлат ҳамкориҳои мутақобилан судманд амалӣ гардидааст.