Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ,
радиатсионӣ ва ядроӣ
мақоми танзимгари давлатӣ

Имрӯз аз садамаи мудҳиши Чернобил 38 сол сипарӣ гардид

26.04.2024

 

Имрӯз шаҳрвандони Иттиҳоди давлатҳои мустақил (ИДМ) ба хотираи онҳое, ки дар рафъи оқибатҳои офати табиӣ ҷони худро нисор кардаанд, ёдбуд мекунанд. 

 

26 апрели соли 1986 дар блоки чоруми пуриқтидортарин Нерӯгоҳи ҳастаии Чернобил садама ба амал омад, ки мудҳиштарин садамаи ядроӣ  дар таърих  маҳсуб мешавад. Ин саҳифаи гузаштаи мо дар таърихи инсоният яке аз бадтарин фалокатҳои ҳастаӣ гардид, ки дар натиҷаи таркиш ба атмосфера миқдори зиёди моддаҳои радиоактивӣ паҳн шуда, барои саломатии инсон ва муҳити зист окибатҳои фалокатбори он то ҳол мушоҳида мегрдад. 

 

Фалокати Чернобил на танҳо достони гузашта, балки дарси имрӯза ва оянда ҳам мебошад.  Мо бояд табиати гирду атрофро қадр кунем ва ҳифз намоем, барои ояндаи осоишта ва бехатар кӯшиш ба харҷ дода, арзиши бениҳоят гарони муҳити зист ва саломатиро қадр намуда, ба беэҳтиётӣ роҳ надиҳем.

 

Аз садамаи Чернобил бахусус қаламравҳои Россия, Белорус ва Украина осеб диданд.  Солгарди ин сана хотиррасон мекунад, ки ҳар яки мо барои сулҳу амнияти сайёра масъулем ва танҳо якҷоя метавонем ояндаи беҳтареро барои худ ва наздикони худ эҷод кунем, балки дар ҳамбастагӣ метавонем ба осоишта будани муҳити зистамон мусоидат намоем.