Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ,
радиатсионӣ ва ядроӣ
мақоми танзимгари давлатӣ

Иштироки кормандони Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ дар Форуми байналмилалии ихтироъкорон ва навоварони Ҷумҳурии Тоҷикистон

25.04.2024


Санаи 25 апрели соли 2024 бахшида ба “Рӯзи ихтироъкорон” Форуми байналмилалии ихтироъкорон ва навоварони Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Ихтироот, аз ғоя то маҳсулот» дар меҳмонхонаи “Ҳаят реҷенси” бо ташаббуси Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

 

Ҳадафи асосии Форум мусоидат ба рушди ихтироъкорӣ, татбиқи ихтироъ дар истеҳсолот, рушди неруи инсонӣ, дарёфти механизми дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии ихтироъкорон ва навоварон мебошад.

  

Сухани ифтитоҳиро Дилрабо Мансурӣ - муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қобилҷон Хушвахтзода - президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва дигар меҳмонони қадрдон оғоз намуданд. Инчунин, дар форуми мазкур намояндагон аз вазорату идораҳо, муассисаҳои илмию таълимӣ, коршиносони соҳавӣ, соҳибкорон аз бахши хусусӣ ва ҳамзамон ихтироъкорони дохил ва берун аз кишвар, алалхусус аз Созмони ҷаҳонии моликияти зеҳнӣ, ташкилоти патентии Авруосиё ва намояндагон аз давлатҳои Русия ва Беларус ширкат варзиданд.

  

Кормандони Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ дар форуми мазкур бо маърузаҳои худ зери унвони «Ихтироот, навовариҳо ва нақши онҳо дар рушди иқтисодиёти мамлакат», «Омӯзиш ва оммавигардонии ихтироот», «Баҳогузории объектҳои моликияти зеҳнӣ ва имконияти тиҷоратикунонии ихтироот» баромад намуданд. Дар партаи форуми номбурда панҷ муассисае, ки солҳои охир шумораи зиёди патенти ихтироот гирифтанд, муаррифи гардид, ки ба он Агентии амнияти химияви, биологи, радиатсиони ва ядроии АМИТ шомил аст.

  

Маврид ба тазаккур аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ чунин суханронӣ намуданд: “Яке аз роҳҳои рушди иқтисодиёти мамлакатро ташаккули соҳаи моликияти зеҳнӣ арзёбӣ намуда, ҷалби шахсони лаёқатманд ба навоварию ихтироъкорӣ, вусъати раванди ихтироъкорӣ, баланд бардоштани савияи дониш, иттилоотонии ҷомеа, татбиқи лоиҳаҳои инноватсионӣ, таҳқиқи масъалаҳои иқтисоди рақамӣ, азхудкунии технологияҳои инноватсионӣ ва ҷорӣ кардани онҳоро дар истеҳсолот вазифаи аввалиндараҷа номиданд”.