22.04.2024
22 - апрели соли равон бахшида ба эълон гардидани соли 2024 – (Соли маърифати ҳуқуқӣ), дар толори Академия миллии илҳои Тоҷикистон Конференсияи илмӣ-амалии “Илм аз дидгоҳи олимони ҷавон” баргузор гардид.
Дар ҳамоиш роҳбарияти АМИТ, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, инчунин олимону муҳақиқони ҷавони Институтҳои АМИТ иштирок намуданд.
Қобилҷон Хушвахзода – Президенти АМИТ зимни ифтитоҳи Конференсияи мазкур дар ҷаласаи Пленарӣ, ҳамаи меҳмонон ва иштирокчиёнро хайрамақдам гуфта, иброз дошт, ки воқеан таи солҳои охир бо таваҷҷуҳ ва дастгириҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи илм пеш рафта, дар ин замина нақши олимони ҷавон дар тамоми бахшҳои илм баръаъло эҳсос мегардад. Ҳамин аст, ки имрӯз шумораи олимони ҷавон дар АМИТ ба маротиб афзудааст. Ҳамзамон номбурда таъкид намуд, ки бояд ҳарчи бештар таваҷҷуҳи чавонон ба илмҳои дақиқ ва риёзӣ, инчунин пайвасти илм бо истеҳсолот ҷалб карда шавад, ки пешрафти ҳар як давлату миллат маҳз аз саводнокӣ ва маърифати баланди ҳар як сокини бо нангу номуси он вобастагӣ дорад.
Сипас бахши 3-юми Конференсияи мазкур дар толори Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии АМИТ, бо баргузории масъалаҳои мубрами илмҳои физика, математика ва техникӣ дар партави “20-солаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” бо иштироки як зумра олимони ҷавон аз Агентии амнияти ХБРЯ ва дигар институтҳои АМИТ идома ёфт, ки иштирокчиён дар бахшҳои гуногун баромад намуданд.
Дар ин чорабиниӣ олимони ҷавони Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ аз ҷумла, Баҳронов Соҷидхон, Бобоев Комрон, Муминов Сафаралӣ ва Эшов Ҷурамурод дар мавзуъҳои «Асосҳои технологии коркарди маъданҳои урандор ва баҳодињии хавфи радиатсионии минтақаҳои Тоҷикистон», «Синтез, ва хосиятҳои термодинамикии пайвастагиҳои торий ва уран» ва «Асосҳои техникии ҷудокунии уран аз маъданҳои урандори маҳаллӣ», бо презентатсияҳо ва мақолаҳои илмӣ дар назди ҳозирин маъруза намуда, соҳаи илмро дар башҳои мазкур, ки бо истифода аз таҳқиқотҳо анҷом дода шудааст, шарҳу тавзеҳ доданд.
Дар интиҳои чорабинӣ мубоҳисаҳои илмӣ сурат гирифт, ки иштирокчиён ба суолҳои худ посухҳои мушахас гирифтанд.