Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ,
радиатсионӣ ва ядроӣ
мақоми танзимгари давлатӣ

Боздиди ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз гумрукӣ Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо мақсади таҳкими ҳамкориҳо дар самти амниятӣ химиявӣ, биологӣ радиатсионӣ ва ядроӣ

20.04.2024

Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии директори Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ, профессор Илҳом Мирсаидзода аз 17 то 18 апрели соли 2024 сафари бомуваффақият ба шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистонро анҷом дод, ки ҳадафи он густариши ҳамкорӣ дар бахшҳои амнияти химиёвӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ байни гумруки ду кишвар ва Агентии зикргардида мебошад.

 

 

Дар ҷараёни ин сафар ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат аз кормандони Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ ва Хадамоти гумрук дар бораи фаъолияти мониторҳои портали радиатсионӣ (RPM) ва системаҳои рентгенӣ дар гузаргоҳи сарҳадии Ялама дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон сафарҳои густурда ва гуфтугӯҳо анҷом доданд. Ин системаҳо барои пешгирии муомилоти ғайриқонунии маводи радиоактивӣ ва таъмини амнияти занҷири минтақавии таъминот муҳиманд.

 

 

Директори Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ аз татбиқи воситаҳои пешрафтаи технологӣ дар ҳифзи сарҳад аз ҷониби Ҷумҳурии Ӯзбекистон изҳори миннатдорӣ кард. «Мо аз истифодаи таҷҳизоти замонавии мониторҳои портали радиатсионӣ ва рентгенӣ дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон таассурот мебахшем. Мо метавонем аз ҳамдигар омӯзиш гиерм, то тавоноии худро дар мубориза бо таҳдидҳои маводи ХБРЯ такмил диҳем», - суханронӣ намуд профессор, Илҳом Мирсаидзода.

 

 

Иловатан, ҳайати мазкур ба Кумитаи давлатии гумруки Ҷумҳурии Узбекистон ташриф оварда бо роҳбарияти он мулоқот доир намуд. Маълумоти муфассал вобаста ба раванди рақамикунонӣ дар Кумитаи давлатии гумруки Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки бо мақсади  соддагардонии амалиётхои гумрукӣ татбиқ шудааст, пешкаши ҳайат гардид. Инчунин, маълумот дар бораи истифодаи самараноки фанновариҳои рақамӣ дар расмиёти гумрукӣ, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон умедвор аст дар ояндаи наздик амалӣ намояд, пешкаш гардид. 

 

 

«Ташаббусҳои табдили рақамӣ ба мо таҷрибаи бузург медиҳанд ва мо муваззаф ҳастем, ки технологияҳои шабеҳро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷорӣ намоем. Ин ҳамкорӣ, бешубҳа, мавқеи амнияти миллии моро таҳким бахшида, ба муомилотҳои фаромарзиро осонтар ва бехатар хоҳад намуд», -  қайд намуданд кормандони гумрук.

 

Ин сафар на танҳо ҳадафҳои муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистону Узбекистонро таъкид кард, балки заминаи ҳамкориҳои ояндаро ҷиҳати таҳкими чораҳои амниятии ХБРЯ дар ду тарафи сарҳад гузошт.