19.04.2024
19 апрели соли 2024 вохурӣ байни иштирокчиёни «Хонуми ядроӣ» ва намояндагони TechWomen баргузор гардид. Дар доираи вохурӣ оиди мавзӯи «Занҳо дар STEM» симпозиум баргузор гардид. Дар чорабинӣ Кэти Зи - директори TechWoman, Институти таълимии байналмилалӣ, мураббиёни касбӣ ва идроргирандагони TechWoman аз Ӯзбекистон, Туркманистон, Миср, Лубнон, инчунин Зарина Сайфиева - президенти “Хонуми ядрои” ва Гайбуллаева Зумрат Ҳабибовна - доктори илмҳои химия, профессори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ва дигар аъзоёни «Хонуми ядроӣ» иштирок намуданд.
Сессияи якум бо намоиш додани корҳои “Хонуми ядроӣ” дар ҷодаи ба илм ҷалб намудани духтарҳои ҷавон ва ҷавонон, инчунин мубодилаи афкор барои ҷалби бештари занон ба касбҳои илмӣ бахшида шуда буд. «Ҷалби ҷавондухтарон барои таъмини устувори иштироки онҳо дар STEM муҳим аст...ва ин дастгирии тамоми ҷомеа - оилаҳо, муассисаҳо, мақомотҳои таълимӣ ва давлатиро тақозо мекунад», - қайд намуд Зарина Сайфиева. Ӯ тавзеҳ дод, ки чӣ гуна «Хонуми ядроӣ» барои ноил шудан ба ҳадафҳои худ тавассути ҳамкорӣ бо озмоишгоҳҳо, донишгоҳҳо ва муассисаҳои давлатӣ барои ташкили намоишҳои техникӣ, тренингҳо, озмунҳо, конфронсҳо ва лексияҳо оид ба соҳаҳои STEM барои хонандагони синфҳои болоӣ кор мекунад.
Дар презентатсия занони «Хонуми ядрои кистанд», ки аз тарафи Зумрат Гайбуллоева пешниход карда шуд, номбурда тачрибаи илмии худро дар илми химия накл карда, дар бораи усулњои нави кори тайкардааш, ки ба инкишофи ин соња њиссаи калон гузоштаанд, накл кард. Илова бар ин, вай таваҷҷуҳро ба захираҳои табиӣ ва маконњои кӯҳии Тоҷикистон ҷалб карда, истифодаи онҳоро ба рушди устувори соҳаҳои саноат мусоидаткунанда арзёбї намуд.
Сипас идроргирандаи TechWomen Амангул Оразова ва мураббӣ Ребекка Бисвас дар мавзӯи "Занони TechWomen кӣ ҳастанд" презентатсия намуданд, ки дар он хусусиятҳои барнома муфассал баён карда шуд ва Ребекка дар бораи сафари шахсии худ дар STEM ва чӣ гуна иштирок дар TechWomen метавонад арзишҳои касбӣ ва ҳаёти шахсиро баланд бардорад, нақл намуд.
Иштирокчиён дар гурӯҳҳои хурд тақсим шуда, муҳокима намуданд ва Лаура Мессершмитт ба суханҳои ифтитоҳӣ гузашта, зикр намуд, ки арзиши таҳкими робитаҳо байни занон дар STEM ва пешниҳоди маълумот оиди чӣ гуна пешниҳод намудан ба барномаи TechWomen баррасӣ шуд.