18.04.2024
18-уми апрели соли равон дар доираи Бахши миллии «Хонуми ядроӣ» ҷиҳати ҳавасмандгардрнӣ ва ҷалби таваҷҷуҳ ба илм байни ҷавондухтарон дар Маркази таълимии Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии АМИТ марҳилаи дуюми озмуни асарҳо дар мавзуи «Саҳми занони олими тоҷик дар рушди илми ҷаҳонӣ», баргузор гардид..
Дар озмун донишҷӯёни курсҳои 2-юм ва 3-юми аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгохи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ, Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, Филиали донишгоҳи давлатии Москва ба номи М. Ломоносов дар шаҳри Душанбе ва Донишгоҳи славиянии Тоҷикистону Россия иштирок намуданд.
Зарина Сайфиева - роҳбари Бахши миллии «Хонуми ядроӣ» зимни ититоҳи чорабинӣ изҳор дошт, ки ин озмун дар самти муаррифӣ ва баланд бардоштани нақши занони олим дар рушду тарақиёти илму дониш хеле муҳим буда, саҳми арзандаи ин қишри ҷомеаро дар ин самт бозгӯ менамояд. Ҳамчунин номбурда илова намуд, ки иштироки Шумо натанҳо саҳми занонро дар рушди илми ҷаҳонӣ нишон медиҳад, балки аз дастовардҳои занон дар дигар соҳаҳо низ шаҳодат медиҳад. Ӯ ба ҳамаи иштирокчиён барору комёбӣ таманно науд.
Сипас, Абдулаева Саодат котиби илмии Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, иштирокчиёнро бо шартҳои озмун шинос намуд.
Зикр гардид, ки мақсади озмуни мазкур зиёд наудани таваҷҷуҳ ва саҳми занон ба корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва рушди инноватсия мебошад.
Иштирокчиёни озмун доир ба мавзуъҳои рӯзгори занони олими тоҷик бо презентатсия ва маърузаҳои илмӣ дар назди хозирин баромад намуданд.
Бо натиҷгирӣ аз озмуни мазкур Фараҳноз Сафарова донишҷӯи Филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.Ломоносов дар шаҳри Душанбе сазовори ҷои аввал, Мадина Ҷӯраева донишҷӯи Донишгоҳи Славиянии Тоҷикистону Россия сазовори ҷои дуюм ва Нозанин Самадова донишҷӯи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.Осимӣ сазовори ҷои скеюм гардиданд. Ҳамчунин барои «Тахқиқоти амиқ» донишҷӯи Филиали донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.Ломоносов дар шаҳри Душанбе Сирошенко Елизавета ва барои «Таҳқиқоти эҷодӣ» Муҳаррама Шафиева донишҷӯи Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон бо диплом сарфароз гардонида шуданд.
Ба ҳамаи иштирокчиёни озмун диплом, шаҳодатномаҳои иштирок ва тӯҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.