17.04.2024
Аз 17-ум то 19-уми апрели соли 2024 дар шаҳри Тошкенти Ӯзбекистон, мизи мудаввар вобаста ба амнияти химиявӣ баргузор гардид. Дар мизи мудаввари мазкур намояндагон аз давлатҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Ҷумҳурии Тоҷикистон, Департаменти давлатии ИМА ва коршиносон аз Фонди глобалии тадқиқот ва рушди шаҳрвандӣ ба таври фаъолона ширкат варзиданд. Аз ҷумла, аз Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагон аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии АМИТ, Вазорати саноат ва технологияҳои нав, Вазорати корҳои хориҷӣ, Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати мудофиа, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Хадамоти гумрук ширкат варзиданд.
Чорабинии мазкур бо мақсади тақвият бахшидани ошкор ва пешгирии таҳдидҳои эҳтимолӣ ба амнияти химиявӣ тавассути ҳамкории муштараки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва саноатчиён, инчунин ҳамоҳангсозӣ ва гузоштани қадамҳои аввал барои таъсиси Кумитаи миллии коҳиши хатари химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ барои фароҳам овардани ҳамкориҳои байнисоҳавӣ ва табодули иттилоот ташкил карда шуд.
Дар рафти он, баромадкунандагон аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Ҷумҳурии Тоҷикистон ва коршиносони байналмиллалӣ бо маърӯзаҳои гуногун дар мавзӯи таҳдидҳои химиявии рузмарра, иттилоотонии аҳолӣ оид ба амнияти химиявӣ, ҳамоҳангсозии ҳамкории мақомотҳои давлатӣ, кормандони ҳифзи ҳуқуқ ва саноатчиён вобаста ба амнияти химиявӣ баромад намуданд. Чорабинӣ дар шакли гурӯҳҳои корӣ ва машқҳои таҳлилӣ сурат гирифт.
Дар итмоми мизи мудаввар иштирокчиён ба хулоса омаданд, ки ҳамкории минтақавӣ вобаста ба амнияти химиявиро пурзӯр намудан зарур аст.