АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН
АГЕНТИИ АМНИЯТИ ХИМИЯВӢ, БИОЛОГӢ,
РАДИАТСИОНӢ ВА ЯДРОӢ
МАҚОМИ ТАНЗИМГАРИ ДАВЛАТӢ

АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

АГЕНТИИ АМНИЯТИ ХИМИЯВӢ, БИОЛОГӢ,

РАДИАТСИОНӢ ВА ЯДРОӢ

МАҚОМИ ТАНЗИМГАРИ ДАВЛАТӢ

Созишномаи ҳамкорӣ байни Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ ва Маркази саратоншиносии вилояти Суғд

30.04.2025



30 - уми апрели соли равон байни Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Маркази саратоншиносии вилояти Суғди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими имзои Созишнома дар хусуси ҳамкорӣ дар самти ташхис ва табобати бемориҳои саратон ба имзо расид. 

Дар маросими имзои Созишномаи ҳамкорӣ, муовини аввали директори Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии АМИТ, Матин Ахмедов ва директори Муассисаи давлатии “Маркази саратоншиносии вилояти Суғд”, Бахтиёр Орифов иштирок намуданд. 

Дар асоси Созишномаи мазкур тарафҳо минбаъд ӯҳдадор мешаванд, ки ҳамкориро вусъат бахшида, баҳри амалӣ намудани фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ, ташхиси беморон ва дигар самтҳои вобаста ба соҳаи мазкурро густариш диҳанд. 

Дар доираи ҳамкории мазкур, Маркази саратоншиносии вилояти Суғд, намунаҳои маводи биологиро ба озмоишгоҳи Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии АМИТ барои ташхис ва таҳқиқ бо истифода