АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН
АГЕНТИИ АМНИЯТИ ХИМИЯВӢ, БИОЛОГӢ,
РАДИАТСИОНӢ ВА ЯДРОӢ
МАҚОМИ ТАНЗИМГАРИ ДАВЛАТӢ

АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

АГЕНТИИ АМНИЯТИ ХИМИЯВӢ, БИОЛОГӢ,

РАДИАТСИОНӢ ВА ЯДРОӢ

МАҚОМИ ТАНЗИМГАРИ ДАВЛАТӢ

Ҷашни 80 солагии Ғалаба – рамзи қаҳрамонӣ!

07.05.2025

Дар таърихи инсоният санаҳое ҳастанд, ки бо гузашти солҳо аҳамият ва бузургии онҳо боз ҳам бештар аён мегарданд. Рӯзи Ғалаба,ки имсол мо 80-мин солгарди онро таҷлил карда истодаем, низ дар радифи ҳамин гуна санаҳои фаромӯшнашуданӣ мақом дорад. Он барои тамоми инсоният, аз ҷумла мо, тоҷикистониён низ азиз ва гиромӣ аст.

Ҷанги дуюми ҷаҳониро,ки дар солҳои 30- 40  қарни ХХ  баргузор гардидааст, таърихшиносон барҳақ вазнинтарин ва мушкилтарин имтиҳони инсоният дар асри бистум донистаанд. Набардҳои хунин ва амалиётҳои ҷангии ин фалокати асри ХХ дар ҳудуди 40 давлат сурат гирифтанд. Талафоти умумии инсоният ба 55 миллион нафар расид, ки тақрибан 30 миллиони онҳо дар набардҳои мудҳиш ҳалок гардиданд. Хароҷоти ҳарбӣ ва зарари умумии ҷанг 4,5 триллион доллари амрикоиро ташкил медод.

Аммо вазнинтарин ва барои тамоми инсоният тақдирҳалкунандатарин ин набарди мудҳишро Ҷанги Бузурги Ватанӣ (солҳои 1941-1945) ташкил медиҳад, ки он санаи 22 июни соли 1941 бо ҳуҷуми нохалафонаи Германияи фашистӣ ба Иттифоқи Советӣ оғоз ёфта, санаи 8 майи соли 1945 бо имзои санади капитулятсия, яъне бечунучаро таслим шудани давлатӣ девсират ба анҷом расид.

Ин ҷанги хонумонсӯз, ки дар таърихи башарият даҳшатноктарин ҷанг мебошад, беш аз 1418 шабонарӯз идома ёфта, ҷони 27 миллион шаҳрванди собиқ мамлакати паҳновари Иттиҳоди Шӯравиро рабуд. Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ 1710 шаҳру шаҳрак, 70 ҳазор деҳаву русто, 6 миллион бино, 32 ҳазор корхонаҳои саноатӣ, 40 ҳазор шифохонаву муассисаҳои тиббӣ, 84 ҳазор мактабу техникум ва донишгоҳу паҷӯҳишгоҳҳо дар қаламрави  собиқ Иттифоқи Шӯравӣ несту нобуд карда шуданд. Зиёда аз 5 миллион одамон бе сарпаноҳ монда, 4100 истгоҳи роҳи оҳан ва 65 ҳазор километр роҳи оҳан, 14 ҳазор пули қаторагузар вайрон гардида, 63 миллион сар ҳайвоноти калону хурди шохдор ба Германияи гитлерӣ фиристода шуд. Танҳо барои ба Германияи гитлерӣ фиристодани маҳсулоти хоҷагии халқи собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ 1,4 миллион қатораро истифода бурданд.

Бо сар задани ин ҷанги даҳшатангез  250 ҳазор сокинони Тоҷикистон   дар радифи шаҳрвандони 15 кишвари иттифоқии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ихтиёрӣ ба фронт рафта, барои таъмини Ғалаба ба фашизми гитлерӣ ҷонбозиҳо намудаанд.  Аз ин миқдор беш аз 90 ҳазор нафарашон ҷони худро аз даст дода, барои корнамоҳои ҷангии беназир зиёда аз  60 нафари тоҷикистониён бо унвони олиии Қаҳрамони Иттиҳоди Шуравӣ,15 нафар бо се дараҷаи ордени «Шараф» ва даҳҳо ҳазор ҷанговарони тоҷик сазовори ордену медалҳо гардиданд. 

Дар  он солҳои бисёр ҳам вазнини Ҷанги Бузурги Ватанӣ мардуми ақибгоҳ, аз он ҷумла меҳнаткашони Тоҷикистон бо заҳмату корнамоиҳои худ дар таъмини ғалаба саҳми муносиб гузоштанд. Он солҳо корхонаҳои саноатии Тоҷикистон аз рӯи шиори «Ҳама чиз барои фронт, ҳама чиз барои Ғалаба» шабонарӯз фаъолият мебурданд. Ҳар сокини Ватандӯст мехост камтарин имконияти худро барои дастгирии аскари советӣ ва аскарон қурбон кунад. Ва бо ҳамин рӯзу соати Ғалабаро тезонад.

Таҷлили ҳамасолаи ҷашни Ғалаба ҳамчун иди умумихалқӣ нишони арҷгузорӣ ба қаҳрамонӣ ва анъанаҳои пуршарафи ҷангии падарони шӯҳратманд аст.

Боиси ифтихор аст, ки ҷавонмардони тоҷик дар қатори дигар диловарписарони Ватан дар фронтҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ корнамоиҳои бемислу монанд нишон доданд.Мо дар назди рӯҳи шаҳидони роҳи озодии Ватан, дар назди қаҳрамониҳои падарон сари таъзим фуруд меорем. Хотираи онҳоеро, ки бо гузашти солҳо бо зиндагӣ падруд гуфтаанд, пос медорем. Эҳтироми собиқадорони ҷанг ва оилаҳои шаҳидони ҷангро ҳамеша ба ҷо меорем.Солҳо мегузаранд, аммо ин ғалаба, корнамоию ҷонбозиҳо ва қаҳромониҳои бобоёну падарони мо доимо дар лавҳаи хотираҳо абадӣ хоҳад монд. 

Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945, бар зидди артиши тавоно ва сар то по мусаллаҳи фашистони гитлерӣ тавассути иродаю матонат ва фидокорию садоқатмандӣ, ҷонбозию қаҳрамониҳо ва дӯстиву рафоқати зиёда аз сад миллату халқиятҳои собиқ давлати Иттиҳоди Шӯравӣ ба даст омада буд.

Ба шароити ниҳоят вазнини кориву иҷтимоии он замон нигоҳ накарда, меҳнаткашони Тоҷикистон ҳам тамоми қувваи худро ба он равона намуда буданд, ки қатор-қатор вагонҳои пурбор шабу рӯз ба сӯи фронт дар ҳаракат бошанд. Либосҳои гарму пойафзоли чармин, ғаллаю озуқаворӣ, маҳсулоти ширию гӯштӣ, меваю сабзавот, абрешим, металҳои рангаву нодир, маъдан, таҷҳизоти гуногуни таъиноти ҳарбидошта ва дигар маводу ашёҳои зарурӣ барои таъминоти Артиши Шӯравӣ фиристонда мешуданд.

Мо, созандагони ҷомеаи нави даврони истиқлоли кишвар дар марҳалаи бунёдкорӣ ва обод сохтани сарзамини қадимаи худ бояд аз падарону бобоёни сарбаланди хеш ва собиқадорони ҷангу меҳнат ибрат гирем. Зеро онҳо баробари ҳифзи Ватан дар ободонии сарзамини аҷдодӣ заҳматҳои зиёд кашидаанд.

Хотираи онҳоеро, ки бо гузашти солҳо ба зиндагӣ падруд гуфтаанд, пос дорем. Эҳтироми собиқадорони ҷанг ва оилаҳои шаҳидони ҷангро ҳамеша ба ҷо орем. Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба собиқадорони Ҷанги Бузургӣ Ватанӣ ғамхориҳои хос зоҳир намуда, онҳо мудом таҳти сарпарастии доимӣ ва имтиёзҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд. 

Ва ин қаҳрамониҳои мардуми худро давоми он солҳои мудҳиши Ҷанги Бузуги Ватанӣ аз саҳфаҳои таърих варақгардон карда, ба хулосае меоем, ки танҳо миллати сарҷамъ, бо ваҳдату якпорча ва меҳнатқарину шуҷоъ метавонад Тоҷикистони соҳибистиқлоли имрӯзаи моро ба ҳама ғалабаву комёбиҳо ва дастовардҳо шарафёб гардонад.
 
Итминони комил  дорем, ки ҳар ҷавонмарди имрӯзаи кишвари мо аз ҳидояту раҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯҳу илҳоми тоза  гирифта, дар роҳи меҳру муҳаббат ба Ватан, миллат ва муқаддасоти миллӣ устувор буда, дар ҳар куҷое ҳастанд, бо кори неку рафтори баланд миллати моро муаррифӣ менамоянд. 

Дар остонаи рӯзи пирузӣ бар фашизм, тамоми ҳамватанонро ба муносибати яке аз идҳои бузург – 80-умин солгарди иди Ғалаба табрик менамоем! Мо дар назди корнамоиҳои Қаҳрамонони ҷанг сари таъзим фуруд меорем ва ҳамеша дар хотир хоҳем дошт, ки ба туфайли чи гуна арзишҳо ба зиндагии осуда ва хушбахтии ҳаёт муввафақ шудаем.
Ин ҷашн дар дилҳои мо ҳамчун рамзи қаҳрамонӣ сабт гардидааст!