Агар пурсанд аз ман: “Чист аз ҷону бадан беҳтар?”,
Ватан беҳтар, Ватан беҳтар, Ватан беҳтар, Ватан беҳтар!
Ҳамасола, 9 май ҳамчун Рӯзи Ғалаба бар фашизм дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ (солҳои 1941–1945) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар давлатҳои пасошӯравӣ бо шукӯҳу шаҳомати хос таҷлил мегардад. Ин сана яке аз муҳимтарин саҳифаҳои таърихи асри ХХ буда, нишони пирӯзии нерӯҳои иттифоқӣ ва қаҳрамонии халқҳои Шӯравӣ, аз ҷумла мардуми тоҷик мебошад.
Таҷлили ҳамасолаи ҷашни Ғалаба ҳамчун иди умумихалқӣ нишони арҷгузорӣ ба қаҳрамонӣ ва анъанаҳои пуршарафи ҷангии падарони шӯҳратманд аст.
Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар радифи шаҳрвандони 15 кишвари иттифоқи собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ аз Тоҷикистон 250 ҳазор сокинони ин мамлакати офтобӣ ихтиёрӣ ба фронт рафта, барои таъмини Ғалаба ба фишизми гитлерӣ ҷонбозиҳо намудаанд. Аз ин миқдор беш аз 90 ҳазор нафарашон ҷони худро аз даст дода, барои диловариҳои беназир 57 нафар фиристодагони Тоҷикистон ба унвони олии Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ сарфароз гардонида шуданд. Зиёда аз 20 ҳазор ҷанговарони тоҷик сазовори ордену медалҳо гардиданд.
Ҳоло мо дар остонаи таҷлили 80 – умин солгарди ғалаба бар фашизм қарор дорем. Далериву шуҷоат ва мардонагиву қаҳрамонии иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ саҳифаи дурахшони таърихи моро ташкил медиҳад. Маҳз ин ҷоннисориву фидокориҳои онҳо буд, ки тамоми халқҳои давлати шӯравӣ аз чанголи фашистони хунхор раҳоӣ ёфтанд.
Қудрату тавоноии артиши шӯравӣ аз матонату садоқати афсаронаш ибтидо мегирифт. Аз шуҷоати сарбозонаш, ки розӣ буданд баҳри ҳифзи халқу Ватан ҷони худро фидо кунанд. Ба ин гуфта, қаҳрамониҳои сарбозони тоҷик, ки худро ба болои мили танки душман партофтаанд, гувоҳ шуда метавонад.
Ман на онам, ки рӯзи ҷанг бини пушти ман,
Он манам к-андар миёни хоку хун бинӣ саре!
Ин ҷанги хонумонсӯз, ки ҷони ҳазорҳо ҳамватанони моро рабуд, чунон ба рӯҳияи мардум таъсир расонида буд, ки ҳама - пиру ҷавон, хурду калон ва ҳатто занон ҳам тайёр буданд ба ҷанг раванд. Халқи меҳнаткаш бошад баҳри таъмини озуқаворӣ ва сару либоси сарбозон талош меварзид. Баҳри ба даст овардани ғалаба на танҳо дар фронт, балки дар ҷабҳаи меҳнат низ мардум талош меварзиданд. Дар баробари мардон занон низ мардонавор бо душман меҷангиданд ва қаҳрамонии занони далери тоҷик дар хати фронт шоистаи ифтихор ва таҳсин аст.
Ҳамаи ин фидокориву ҷоннисориҳои иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ то имрӯз дар хотираи мардум нақш бастааст ва мардум бо некӣ аз онҳо ва аз қаҳрамониҳои онҳо, ки баҳри халқу Ватан кардаанд, ёд мекунанд. Корнамоиҳои онҳо аз тарафи давлат қадрдонӣ карда шуда, ба онҳо унвонҳои сазовор дода шудааст. Кӯчаву хиёбонҳо, гулгашту боғҳо, мактабу муассисаҳо дар шаҳру ноҳияҳои кишвар ба номи ин қаҳрамонон гузошта шудааст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар суханронӣ ба зарурати гиромидошти таърихи ҷанг ва эҳтиром ба иштирокчиёни он таъкид менамоянд. Ба таъкиди Пешвои миллат, хотираи қаҳрамонони ҷанг бояд ҳамеша зинда нигоҳ дошта шавад ва таҷлили Рӯзи Ғалаба на танҳо ифтихор, балки вазифаи шаҳрвандии ҳар як фарзанди Тоҷикистон аст.
Дар ин рӯз дар тамоми гӯшаву канори кишвар чорабиниҳои гуногун баргузор гардида, иштирокчиёни ҷанг ва собиқадорони меҳнат бо эҳтироми хос қадрдонӣ мешаванд. Бо баргузории намоишҳо, мулоқоту сӯҳбатҳо ва гузоштани гулчанбар ба пояи муҷассамаҳои шаҳидон, ба насли ҷавон сабақи ватандӯстӣ ва гиромидошти сулҳу субот дода мешавад.
Имрӯз, вақте ки ҷаҳон ба таҳдидҳои нави амниятӣ рӯбарӯ аст, ҳифзи сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванд маҳсуб мешавад. Таҷрибаи таърихии мардуми мо нишон дод, ки танҳо дар шароити сулҳу ваҳдат ва дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ метавон ба дастовардҳои воқеӣ ноил гардид.
Ҳамин тариқ, Рӯзи Ғалаба барои мардуми Тоҷикистон на танҳо рӯзи ҷашн, балки рӯзи поси хотира, сабақи таърих ва эҳтиром ба наслҳои гузашта мебошад. Сулҳ неъмати бебаҳоест, ки ҳифзи он аз масъулиятҳои муҳими ҳар як фарди ҷомеа аст.